Cадокати зан ё «киссаи як бадбахт»
Хангоми мактабро хатм кардани ман дар Точикистон бенизомию чангхои бемаъни давом дошт. Падарам, ки шахси мансабдор буд, маро ба шахри Ленинград барои дохил шудан ба мактаби оли фиристод. Бомуваффакият имтихоноти донишкадаи политехникиро супорида донишчу гаштам. Курси якумро хатм накарда хабар расид, ки падарамро вахшиёна ба катл расондаанд. Дунё дар назарам торик гашту дигар намехостам тахсиламро идома дихам. Модарам- ин ганчи ягонаи зиндагиам занг зада хохиш намуд, ки хонданамро харгиз напартоям. Зеро дар ин шабу руз дар Точикистон гаштану тахсил кардан кори осон нест. Банохост хадафи тири дайдуе шуда монданат мумкин аст, писарчонам. Ман илоче карда маблаг мефиристамат, харгиз орзуву нияти падаратро, ки туро мухандиси муваффак дидан мехост, барбод надех писарчонам ,бихон хатман , -зори менамуд у. Ман хам иродаамро мустахкам намуда тахсиламро идома додам. Албатта осон набуд бо як идрорпули зистани донишчу. Аммо ба хамаи сахтихо тоб меовардам ва аз модарам пул намепурсидам. Дертар ба кор даромадам. Дар як магозае ба хайси посбони шабона ба кор даромадам. Мудири магоза як зани халиму мехрубоне буд. Маро мисли фарзандаш дуст медошт. Зеро худ фарзанд надошт. Дар лахзахои тангдасти ва хастагихо у маро мисли модарчонам тасалли медоду дастгири менамуд. Дар донишкада бо русдухтаре аз шахри Воронеж, ки хеле нозанину нозукандом буд, шинос гардидам. У дар курси поён мехонду дар хобгох мезист. Хоксору самими буданаш мехрамро ба у бештар мегардонд. Ба ман хамчунин рафиконам занг зада хабар доданд, ки духтари дустдоштаам бо як командир ишкварзи мекунад . Дар кучахои чангзадаи Душанбе бо у руйирост хамогуш гашта бешармона бусобуси мекунад. Аз ин хабари шуми дуюм дилам фишурда мегардид. Зеро у ишки нахустину дунёи орзухоям буд. Бе у зиндагиамро тасаввур карда наметавонистам. Ду инсони наздики дилам маро тарк гуфтанд. Зеро Низораро дар катори падарам мурда хисобидам. Муддате чанд аз оламу одам дилам сард гардид. Он лахзахои душвор ба худ кавл додам, ки дигар ба Точикистон барнамегардам. Гарчи дилам ба ёди гулгаштхояш ва хиёбонхои зебояш, ки хамеша хамрохи Низора сайр мекардем, гум мезад. Аммо пеши чашмам сурати Низора пайдо мешуд, ки бо низомипуше дасти ба дасту хамогуш мерафт. Маро Надя хамеша аз холати асабонияти вазнин рахо мекард. Бо харфхои нарму ширинаш диламро ба зиндаги гарм менамуд ин духтари кабудчашми нозанин. Баъди панч соли вохурихо ва хамдигарро озмуданхо ману Надя бо дуои модарам хамхона гаштем. Ман мухандиси пешбари ширкати бонуфузе гаштам. Дар коргох донишу махорати маро ба назар гирифта дар як муддати кутох ба вазифаи муовини сардор пешбари намуданд. Надя низ дар донишгох дарс мегуфт. Мо сохиби духтарча гаштем. Акнун Томирис зиндагии моро рангинтару ширин гардонда буд. Модарам соле як маротиба ба Санкт-Петербург омада дар хонаи мо истирохат мекарданд. Хамрохи Надя гапашон мепухт , мисли духтарашон дуст медоштанд уро. Хар дафъаи омаданашон ман роххат гирифта онхоро якчоя ба истирохатгохи Крим ё Сочи мефиристодам. Хулоса модарам аз хамсари гайриточики ман каноатманду ризо буданд. Зеро Надя хурмати он касро ба дарачаи даркори ба чо меовард. Ба духтарчаам низ мехри беандоза доштанд модарам. Мегуфтанд, ки мехри у дар дилам алохида аст. Модарам забони русиро хеле хуб медонистанд ва шабхо барои Томирис афсонахои ачоиб мегуфтанд. Духтарам низ модарамро нихоят дуст медошт. Вакти бозгашти модарам шавад у гамгин мешуду харгиз намехост, ки бибиаш моро тарк гуянд.
— Бибичон, барои чи ту дар хонаи мо мисли бибихои дигарон хамешаги намеисти? Нарав бибичон, бо мо бимон, -гуфта зори мекард Томирис.
— Таня рост мегуяд, чаро шумо наметавонед, мукими Ленинград шавед модарчон,- мегуфт Надя низ гамгинона.
— Охир ман бе ватанам наметавонам, он чо шавхари азизам, падару модарам хок шудаанд, инчунин фарзандони дигару хешовандонам хастанд. Хамаи мо наметавонем онро якбора тарк намуда ин чо биёем. Он чо боз наберахо дорам.
— Аммо ман мехохам ту танхо бибии ман боши, мегуфт Томириси ман.
— Ту набераи аз хама хам дустдоштатарини мани Томирисчон, мехри туро дигар хеч чиз наметавонад иваз намояд.
Модарам хар дафъа бо дили кашолу чашмони пуроб аз хонаи ман мерафт. Аммо хамаи ин лахзахои ширин ва зиндагии осудаам бо дидани як манзарае барбод рафт…
Боре ба аёдати як чураи даврони бачагиам, ки бемор буд ва мисли ман дар мусофират мезист ва хамсари рус дошт, рафтам. У , ки ду пояш фалач гашта буд, дар бистар мехобид ва дар як холати хорию залили. Аз хонаи дигари у садои мусикии русиву овози марду зани ширакайф меомад. Онхо баланд-баланд харф зада механдиданду хурсанди доштанд. Аз ин холат чураи ман худро ногувор хис карда зор-зор гирист.
— Ин овоз, ки мешунави аз они хамсари ман аст ва овози мардона аз они шавхари уст. Ман, ки аз пой афтодаму корношоям гаштам, дигар у тамоман ба ман нигох намекунад. Як хамсояи казок дорем, маро хар гох хабар мегирад. Ду духтарам дар хоричи кишвар карор доранду парвои мани беморро надоранд. Агар маблаге равон кунанд хам ин зани ноинсоф ба ман нишон намедихад. Ва дар болои ман шавхар кардаасту чораи аз ман халосиро надорад.
— Хайр, Даврон, сабур бош. Ин хамааш мегузарад ва рузе шифо хам меёби,- гуён уро тасалли додани шудам.
— Кадом фалач ба по хестааст, ки ман хезам.
— Ба хар хол худатро бой надех, ман туро намемонам, кумакат мерасонам. Бигу бароят чи кор кунам?
— Аввал маро гуш кун, ки бароят як маслихате дорам. Ту ба Точикистон рафта хатман зани точик бигир, Насимчон, ин миллат факат дар холати солиму пуркуввату коргар буданат дустат медоранд. Дар дами пири ё бемори хору зорат мекунанд.
— Хамаи миллат нокасу разил дорад Даврон, хамсари ман инсони хуб аст.
— Ирина хам бад набуд то даме, ки пойи равон доштаму кисаам пури маблаг буд, у бароям чонашро нисор кардани буд.
— Ба хар хол хамааш як нест чурачон.
— Бовар кун, ки хамааш як тоифаанд инхо. Агар зани точикамро партофта намеомадам, аламаш камтар буд. Имруз у хатман маро дастгиру нигахбон мешуд. Аккалан писаре медоштам.
— Аммо хамсари ман зани нихоят бофахму фаросат аст Даврон. Ман фикр намекунам, ки у бо ман рузе чунин рафтор кнад.
— Худочон, харгиз чунин рузро набини, аммо хатман зани мусулмон гирифтанат шарт асту зарур !
— Бигу, ки ба ту чи хизмате кунам? Пагох ба бемористон барам туро?
— Не, як илоч карда маро ба Точикистон фиристон. Дар он чо рафта бимирам дигар ормон надорам. Пеши модари пирам рафта чон дихам мегуям.
Баъди ин ходиса муддате натавонистам ба худ биёям. Надя аз ин холати рухии ман хайрон буду саволборонам менамуд. Ман ба у ва духтарчаи ягонаам Томирис дагали мекардам. Зеро манзараи холати чураам хамеша дар пеши назарам буд. Давронро ба Точикистон хамрох гирифта бурдам. Ба модари пираш маблаги муайяне дода хохиш кардам, ки ягон касро барои нигохубини у киро кунанд ва боз ман мунтазам маблаг равон карда меистам. Ба модарам ин ходисаро накл карда гуфтам, ки ба ман ягон духтари точики худотарсро пайдо намуда, келин намоянд.
— Насимчон, ин корро накун, хамсари ту дигар хел аст. У инсони некбин аст ва харгиз хиёнатро нисбатат раво нахохад дид.
— Модарчон, Даврон хам дар чавониву солимиаш чунин акида доштааст. Аммо имруз рафта ба холаш нигаред, мехохед, ки фарёд занед.
— Ба хар хол зиндагии тинчу осудаатро вайрон накун писарам, пушаймон мешави.
— Майлаш пушаймон шавам хам зани мусулмон мегирам! Модар аз пайи арускоби шавед.
— Худат медони бачам, ман хайронам аз рости бо вучуди тачрибаи фаровони зиндаги доштан дар пеши ин ходиса ноилочам. Боз пушаймон нашави мегуям.
Аммо ман модарамро мачбур намудам, ки бароям ягон духтари аз илми дини бохабар ва покдоманеро келин кунанд. Модарам бо дили садпора ва оби чашми резон (аз он, ки ман Томирису модарашро мепартоям) бароям як арусро пайдо намуданд. Вокеан нагуфта намонад, ки модарам дар яке аз магозахои хуроквори фурушанда шуда кор мекарданд. Як нафар духтареро, ки мизочи доимии магозаашон будааст ва бо одоби хамидааш модарамро мафтун гардонидааст, бароям интихоб намуданд. Назар ба гуфтаи худаш ин духтар сагира будаасту дар пойтахт ичоранишин. Ба ичорахонааш, ки аз хонаи модарам на он кадар дур буд, рахсипор шудем. Ба пешвозамон як духтари нозанини хичобпуш баромад, ки чунин либос ба руйи сафеду чашму абруи сиёхаш хеле зебанда буд. Бо як табассуми малех ва мафтункунанда моро ба даруни хона хайра макдам гуфт. Чихози хона бо завки махсус чо ба чо карда шуда буд. Бо як дидан Мутриба маро низ мафтуни худ гардонид. Сохибхона дар бораи Мутриба харф мезаду оби дахонаш мерафт.
— Ин духтар ба хирочи мамлакат меарзад. Тамоми хунархои рузгордори аз дасташ хеле хуб меояд. Дах ангушташ пури хунар. Касе ки уро мегирад, барака меёбад.
— Холачон, чунон таъриф кардед, ки ба гайр хонадор шудан дигар чорае надорам.
— Писарам таъриф не, хакикатро гуфта истодаам. Як фурсат нишинед, ба хунари кадбонугиаш коил мешавед.
Дар хакикат Мутриба баъди лахзае як табак самбусаи варакин гирифта омад, ки дахон ёбеду онро хуред. Чунон бо хавсалаи том омода сохта буд, ки хамираш дар дахони кас об мешуд. Баъди фосилаи кутохе як табак оши палави сергуштеро болои дастурхон гузошту маро боз хам мафтунтар намуд. Зеро ин таом низ хеле хунармандона пухта шуда буд. Маззаи он то хол аз дахонам намеравад. Ман, ки дар Руссия зиста кайхо боз самбусаи варакину оши палави точикиро нахурда будам , чунон боиштихо истеъмол намудам, ки худам дар хайрат афтодам. Хамсарам барои истеъмоли чунин хуроки сергизо ичозатам намедод. Мегуфт, ки ба саломати зарар дорад ва барои пухтани таомхои гуногун хам хавсала надошт. Умуман хуроки болаззат пухтанро ягон кори асоси хам намехисобид. Мо харду коргар будем ва танхо дар рузхои истирохат у карамшурбои болаззат мепухту халос. Дигар рузхо каме хасиб ё сосискаро мечушонду дар табакчаи хурдакаке меовард. Ё худ дар тарабхонае хуроки шом мехурдем. Ин таомхоро чашида бо хурокхои харрузаи хамсарам мукоиса мекардам ва зиндагии пешини худро хато мехисобидам. Акнун аз дастони Мутриба хар руз таомхои болаззат мехурам гуён зиндагии хушу осударо пеши назар меовардам.
Хулоса ману Мутриба хамхона гаштем. Бо тамоми расму русум ва дар тарабхонаи бехтарини Душанбе туйи арусии мо баргузор шуд. Аз тарафи арус ду-се дугона ва танхо холаи сохибхонааш буданду халос. Дигар касе надорам мегуфт бо ашки шашкатор Мутриба. Ман хам хусни зебояш ва таомхои лазизашро дида аккалан напурсидаам, ки у аслан аз кадом нохия аст ва падару модараш кай фавтидаанд. Дар хонаи модарам мо хамхоба нашудем. Пагохи туямон мо чуфти хушбахт, парида ба Москав рафтем. Бесаброна фарорасии шабро мунтазир будам, то ки ба васли хамсари нозанинам бирасам. Шом низ бирасид ва дар бистари нарм да канори ёри дилхох дароз кашида аз буйи хуши пайкари махинаш масту махмур гаштам. Мани марди чилсола худро дар канори духтари чавон мисли чавони навхат хушбахттарин марди олам мехисобидам. Тамоми пайкари атрогинашро мебуидаму мебусидам ва чун навбати каробат намудан расид, у бо нозу ишва гуфт, ки сабр кунам , холо омода нест ва метарсад. Аммо токатро аз даст дода будам мани марди зиндагидида ва ба нею нестони Мутриба гуш накарда аз у коми дил ситондам. Аввалин зарбае, ки ба ман аз у расид, ин нодухтар баромадани Мутриба буд. Хостам худи хамон лахза аз бистар хеста уро лахту пора кунам ба Точикистон фиристам. Аммо Мутриба бо сехри суханаш маро тавонист аз фикрам гардонад. Кошки он лахза иродаро мустахкам намуда шефтаи харфхои зебои ин духтари маккора намегаштаму аз у муфт халос мешудам ва чунин рузхои пурдахшати гушношунидро намедидам.
— Ха, бибиотун, барои пушонидани гуноххоят сатр пушиди?
— Не, чони ширин, ман аз кудакиам ба Куръонхони огоз намуда будаму сатр мепушидам.
— Дар хамон китобхоят нахонда буди, ки танхо баъди никох бояд номусатро аз даст дихи?
-Хонда будам азизи дил, аммо марди бадмасти хамсояамон ба номусам тачовуз карда буд. Хамеша шабу руз аз Худочон зорию тавалло мекардам, ки марди дилогохе дар насибам афтаду мани бечораи бадбахтро фахмида тавонад,- гуён зор-зор мегирист Мутриба.
— Шумо маро бахшида наметавонед? Пас буги карда кушед маро. Дигар зиндаги бе шумо бароям харом аст. Кушед маро,- гуён дар пеши поям афтод ва зонухоямро сахт ба огуш гирифта буд Мутриба.
— Хайр мебахшамат, ман хам марди зандидаам. Аммо хамсари аввалаам русдухтар бошад хам нодухтар набуд. Ман аз ту чунин умед надоштам. Хамаи умедхоямро барбод доди, бибиотун. Акнун ба ки бовар кардан мумкин бошад-а?
— Илтимос, маро таъна назанед, ки худам аз гаму гусса кариб мемурдам. Хайрият шумо барин мардро дар такдирам наишта будааст азалгавис. Дар акси хол чи кор мекардам?
Гарчи огози зиндагиамон бо хичили сар шуда бошад хам Мутриба маро дар чогах хушбахт карда метавонист. Навозишхои дастонаш чунон форам буданд, ки аз дастони нармаш чонам рохат менамуду дар огуши чонбахшаш об мегаштам ва тавонистам тамоми аламхои диламро ва нодухтар будани уро фаромуш созам. У сохир буд дар бистар. Маро руз аз руз мафтунтару мачнунтар менамуд. Дигар оламу одамро фаромуш сохта будам, гайри огуши чонбахши Мутриба чизи дигареро орзу надоштам. Дилам мехост, ки шабу руз бо у хамхоба бошам. Дар чои корам низ бетокат мегаштам, ки зудтар ба висоли азизам расам. Дар давоми руз у ба ман занг зада харфхои шавки маро бедоркунанда мегуфт.
— Биё, азизи дил, ки бо чону дил мехохамат!
— Ман хам бекарорам чонакам, аммо корхои мухиме дорам.
— Тамоми вучудам хохони ту аст ва дигар наметавонам токат кардан, биёву маро хушбахт гардон, эй ёри бехтар аз чон!
— То шом камакаки дигар монд.
— Ту мунтазири шом шуда мешини чони ман? Чаро маро дилхун мекуни? Охир дилам туро хохад чи кор кунам?
— Хозир давида пешат меоям азизам, мунтазир бош ва омода низ шав!
Чашми хамаро хато карда суйи хона мешитофтам. Хайрият хонаам аз коргох на он кадар дур буд. Ронандаи бечора дар мошин маро мунтазир меистод. Ман гуё барои кори мухиме бошад ба хона даромада худро ба огуши зани мардхох мепартофтам. Боз саросема муйи сари нимхушк телпакамро мепушидаму медавидам суйи кор. Баъзан мебаромадам, ки хоби ронанда бурдааст. Саша ба ман харфе нагуфта танхо табассум мекард. Медонист, ки ман зани чавон гирифтааму аз огуши у холо сери надорам.
— Хучаин, ман туро мефахмам, ва чозибаи зани чавонро низ.
— Саша, аммо дар мо як макол хаст, ки «сирри мардон пушида бех». Ту онро медони?
— Хеле хуб мефахмам аз ман хавотир нашави хам мешавад.
Дигар ман гайри огуши Мутриба хамаро фаромуш карда будам. Ба модарам низ дертар занг мезадаги шудам. Ба Томирис низ дер-дер занг мезадам. Хабаргириашро фаромуш кардам гуям хато намешуд. У ба модарам занг зада хеле гилахо кардаасту гуфтааст, ки «Бибичон ту маро аз хамаи набераи дустдоштатаринат мегуфтиву чаро падарамро аз мо кашида гирифти? Чаро маро аз навозиши дастони падар махрум карди? Охир мо чи гунох кардем, ки дигар у тамоман ба хабаргириамон намеояд?» Модарам харчанд ба у фахмондаанд, ки ин фикрат хато аст, ман Насимро мачбур накардаам ва тарафдор хам набудам. Аммо Томирис бовар накардааст. Зеро баъди як хафтаи омада рафтани модарам ман ба Точикистон рафта оиладор шуда омадаму Томирису Надя гумон кардаанд, ки хамаи ин кори дасти модарам аст.
Нихоят як бегох ба Томирису модараш тухфахои бисёре харидаму ба хабаргириашон рафтам. Надя бо кавоки овезон пешвозам гирифту намехост борхалтахоро аз дастам гирад. Томирис дар хона набуд.
— Духтарам дар кучост?
— Ту магар духтар дошти? Ман гумон кардам, ки уро фаромуш сохтаи.
— Магар мешавад фарзандро фаромуш кардан? Надя бехтараш бигу, ки вай дар кучост? Ман уро дидан мехохам ва тухфахоро супоридан.
— Ба у тухфа не худи ту лозим буди. Чандин рузхо туро интизори мекашид. Хайрон буд, ки чаро падари ба чону дил баробараш як бор хабар намегирадаш. Бигир хамаи чизхои овардаатро ба арусат бар. Мо мухточи чизи ту нестем.
Бо як азобе борхалтахоро гузоштаму ба берун баромадам. Ба телефони дастии Томирис занг занам, хомуш карда шуда буд. Бо дили ошуфтаву хотири парешон ба хона баргаштам. Чашмони Мутриба аз гиря варам карда буданд.
— Кучо шуди мардак? Нагуфти, ки ин духтараки мусофир чи кор кард дар танхои?
— Ба хабаргирии Томирис рафта будам.
— Чии? Ту пеши зани аввалаат рафти? Пазмон шуди онхоро?
— Охир у хам фарзандам аст. Наметавонам онхоро партофтан.
— Агар бароят зану фарзанд азиз буд, чаро аз бахрашон баромада маро гирифти?
— Ман аз бахрашон мебароям нагуфтаам…
— Мехохи дузанаги куни, инро дар коргохат чи гуна кабул мекарда бошанд?
— Ин ба коргохам дахле надорад азизам маро бо саволхоят хаста насоз. Бехтараш бигу, ки бароям чи таоми лазизе омода намуди?
— Ман таоми пухтаамро бурда ба сатили партовхо партофтам. Гумон кардам, ки ту сер меои.
— Аммо ман гуруснаам, гуруснаи ту низ.
— Пеши Надя рав барои сершави.
— Агар ту чунин рафтор намои, меравам пеши у. Барои хамин кахри маро наору зуд ягон чиз паз ва шавхаратро сер кун. Дигар харгиз таомро ба сатили партов нарез. Ин убол аст ва ту биботун бояд аз ман бехтар инро дони!
— Ман дигар бибиотун нестам. Ба ту сарлучу пойлучхо маъкул будаанд-ку. Ман хам пагох назди машшота рафта худро тагйир медихам ва дигар сатр намепушам.
— Ихтиёр дори чонакам. Аммо ман туро ба хотири худотарсу куръонхон буданат гирифтам. Бароям либосат мухим нест. Дилат пок бошад мешавад.
— Агар бори дигар назди онхо рафтанатро фахмам, ман хам ба ту хиёнат мекунам!
— Ту чихо мегуи Мутриба, ман харгиз аз бахри фарзандам баромада наметавонам! Ва хабаргирии фарзандро ба ту хиёнат намехисобам. Ту зандор будани маро медонисти ва ба хамааш рози буди. Дар муддати се мох як бор назди Томирис рафтани ман ба ту ин кадар алам кард?
— Ман ба хама чиз рози будам, зеро гумон намекардам, ки ин кадар туро зиёд дуст медораму рашкам зиёд мешавад,- гуён Мутриба гиряро сар дод.
Дигар у бо овози баланд ва зор-зор мегирист. Уро навозишу мехрубони карда бо як азобе ором намудам. Бардошта ба руи рахти хоб бурдам ва либосхояшро кашида мехостам бо у хамхоба шавам. Аммо натавонистам. Харчанд кушиш мекардам, лекин ин кор ба амал намеомад. Муддати чандин соли зандориам чунин ходиса бо ман руй надода буд. Ба худ хайрон мешудам.
— Ба ту чи шуд Насим, чаро одамро дилхун мекуни? Охир маро сер карданат лозим.
— Мутрибачон дафъаи дигар, майлаш. Намедонам бо ман чи шудааст? Намешавад.
— Чи хел намешавад? Ту бо Надя сер шуда омади магар? Худатро хунук карда омадиву пеши ман хайрони, ки чи кор куни…
— Бовар кун, ба Надя наздики накардаам. У маро рох додан хам нахост.
— Пас ту уро мехости? Акнун чи хел бовар кунам, ки ту бо у хамхоба нашуди? Исбот кун,Насим ва вазифаи мардиатро ичро намо!
— Намешавад имруз… Намедонам барои чи? Худам хайрон.
Пагохи ин ходиса тамоми руз Мутриба ба ман занг назад. Ман хам серкор будаму занг зада натавонистам. Ба коргохамон мехмонхои хоричи омада буданд. Баъди кор низ то бевакти хамрохи онхо банд шудам ва боз дер омадам ба хона. Мутриба аллакай хобида буд. Сарпуши дегро кушоям холи буд. Дигар Мутриба хавсалаи таоми болаззат пухтанашро гум карда буд. Мачбур шудам, ки аз яхдон хасиб гирифта бо нону кахва тановул кунам. Дари яхдонро кушодаму шишаи нимхолии коняки кимматбахои аз хорича овардаамро дида хайрон шудам. Зеро Мутриба дар ин муддат хеч гох нанушида буд. Харчанд хохишу тавалло кунам хам бо худам нушиданро рад мекард. Акнун бошад худаш танхо шишаро кариб холи карда буд. Ба назди бистар равам тамоман масти хоб буд харчанд чумбонам хам бедор намешуд. Бо овози баланд хуррок мекашид. Ман ба ин чиз одат накарда будам ва намедонистам бо у чи кор кунам. Бо як азобе бедор кардам уро ва пурсон шудам, ки ин корхояш чи маъни дорад.
— Ман хам аз ту пурсиданиам, ки корхои ту, дер омаданхоят чи маъни дорад?- мегуфт у мастона.
— Мо мехмонхои хоричи доштем, ту охир танхо чи хел коняк нушиди?
— Ман хам мехмони хоричи доштам ва бо у нушидам. Шароб чунон бомазза будааст, ки… Мани аблах бехуда туро хар руз зори карда мешиштам, ки тезтар биё. Дигар ман тура гам намедихам чони ширин, мефахми ман хам одамам. Дилам кайфу сафо мехохад.
— Охир ту чи камбуди диди аз ман?
— Ту мардиатро гум кардаи, ту акнун дугонаи ман хасти,- мегуфт хамоно мастона Мутриба.
— Ман мардиамро гум накардаам, дигар ин гапатро нашунавам.
— Кани биё бисанчем,- гуфта у либосхои маро аз танам кашидан гирифт.
Дилам намехост, ки ин зани ширакайфро ба огуш кашам. Зеро аз у мисли пешина на буйхои хушу гуворои атрхои фаронсави, балки имшаб буи шаробу газак меомад ва тамоми хохишхои каробат кардани маро гум карда буд. Мутриба бошад маро мачбур мекард, ки ин корро ба ичро расонам. Агар бо у хамхоба нашавам, аздусар маро нокора пиндошта аз пайи чустучуйи марди дигар мешавад. Зеро у хеле зани шахватпарасту серталаб буд. Хар шабу хар руз аз ман хохиши каробатро менамуд. Дар рузхои аввали зиндаги аз ин кораш хурсанд будам. Аммо рузхои охир, ки аз кор хаста меомадам ин талаботхои у баъзан маро ба ташвиш меоварданд. Бо вучуди ин имшаб бо дили нохохам талаботи Мутрибаро ба чо овардам. Ва аввалин бор тули чанд мохи зиндагиамон нисбати у як сардиро дар худ эхсос кардам. Дилам гувохи медод, ки у имруз маро бо дигаре иваз намудааст. Ва худро талкин менамудам, ки ин танхо андешаи носанчидаи ман аст. Ва аввалин бор хангоми каробат бо чинси латиф рохати гувороро хис накардам. Имшаб танхо вазифаи мардиамро ичро намудаму аз бистар хеста ба хаммом давидам. Баъди шустушуву пок гаштан худро сабук хис карда дар дахлез хобидам. Зеро дилам имшаб бистари хамсарамро намехост. Як хиссиёти машгуше маро азоб медод. Ин хам бошад хисси нобовари буд , ки имруз нисбати Мутриба дар замирам бедор гардид. Ва дигар огоз шуданд рузхои пуртахлукаву ноороми ман…
Хангоми мачлиси пагохирузи телефонам чандин маротиба занг зад. Онро хомуш кардаму мачлисро давом додам. Ин дафъа котиба занг зада хохиш кард, ки хамсари аввалаам Надя боизтироб асту як чизи мухимеро мехохад бароям хабар дихад. Аз ахли мачлис узр пурсида ба берун баромадаму ба у занг задам.
— Томирисро дуздидаанд, уро зудтар пайдо кун, ки мемирам….
Хангоми мачлиси пагохирузи телефонам чандин маротиба занг зад . Онро хомуш кардаму мачлисро давом додам. Ин дафъа котиба занг зада хохиш кард, ки хамсари аввалаам Надя боизтироб асту як чизи мухимеро мехохад бароям хабар дихад. Аз ахли мачлис узр пурсида ба берун баромадаму ба у занг задам.
— Томирисро дуздидаанд, уро зудтар пайдо кун, ки мемирам….
Хун ба сарам зад ва давида ба берун баромадам. Дигар мачлисро фаромуш кардам. Саша дар хеч кучо наменамуд. Саросема мехостам таксиеро манъ намоям, ки у зуд расида омада мошинро дар наздам карор кард.
— Зуд бош, ба хонаи Надя меравем!
— Итоат хучаин. Тинчи аст?
— Аз кучо тинчи, Томириси маро дуздидаанд.
— Аз мактаб дуздиданд?
— Бале хангоми ба дарс рафтанаш. Охир Надя уро аз истгох гусел мекунаду саросема ба кор меравад. Мани аблах хам вакт надорам, ки духтаракамро ба мактаб бурда оварам.
Ба ногох телефонии мобилиам садо дод ва аз он суй садои омиронае ба ман амр кард.
— Хохи, ки духтаратро зинда баргардонем, дах хазор доллар маблагро пагохии барвакт ба куттии почтаи даромадгохи хонаат мегузори!
— Ту кисти? Ва чи максад дори?
— Танхо маблаг лозим аст, тамом,- гуён телефонро хомуш кард.
Хайрон будам чи кор кунам ва намедонистам ба чи хулоса оям. Саша маслихатам дод, ки маблагро хатман мемонем ва назорра мекунем, ки онро ки мегирад. Ба назди Надя рафтам, ки оромаш кунам. У бошад, тир намеёфт, ки ба чигари ман халонад.
— Ба хамааш ту гунахкори. Баъди зан гирифтанат Таняро фаромуш карди. Охир кудак чи гунох дошт, ки бурда оварданашро бас карди?
— Ту хам модари хуби. Натавонисти, то дари мактаб уро гусел куни. Акнун хама гунохро ба гардани ман бор накун. Ман уро пайдо мекунам.Маблаги гуфтаашонро медихаму духтарамро мегирам натарс. Факат андаке сабр кун.
Худи хамон лахза аз бонк рафта маблаги даркориро гирифтам. Ва субхи барвакт онро ба куттии почта гузоштаму ба берун баромадам. Пеш аз маблагро гузоштани ман Саша дар таги зинахо посбони мекард. Ман бошам худам дар сари рул нишаста онро ба суйи коргох рост кардам. Аз назархо пинхон гардидаму таваккуф кардам ва мунтазири занги Саша нишастам. Саша чавони нихоят чусту чолок ва корчаллоне буд. Баъди фурсати кутохе у ба ман занг зад ва хабар дод, ки маблагро аллакай гирифтанд ва бароям хабари мухиме дорад. Аммо дар ин лахза боз садои шинос ба ман занг зада хабар дод, ки метавонам духтарчаамро назди дарвозаи мактабаш пайдо кунам. Ман Сашаро мунтазир нашуда суйи мактаб шитофтаму Томирисро пайдо намудам. Худи хамон руз уро ба мактаби аввалааш, ки нархи гарон дошту Надя аз аввали сол аз бахри он баромада буд, бурда супоридам. Дар ин мактаби махсус хонандагонро бо рохбаладии посбонхо ба дари хонахо бурда мерасонданду пагохи аз хона омада мегирифтанд. Ва дар давоми дарсхо ба таври чидди назорат менамуданд. Акнун хотирам чамъ шуд, ки дигар чони духтарам аз хатар эмин аст. Аммо ман хато карда будам. Тинчию осудагиро дигар дар хоби шабам хам намедидам. Ба Надя шабхо занг зада тахдид менамудаанд, ки агар шавхарат боз маблаг оварда намонад, аз духтарат умедатро метавони бикани. У дар дили шабхо ба ман занг мезаду чони Мутрибаро ба лаб меовард. Занам сахт асаби гашта бо ман кахри мешуд ва баъзан шабхо то сахар бо ман бахс карда мебаромад. Дигар аз он мехрубониву навозишхояш ному нишон намонда буд. Рафторхояш дар назарам шубхаовар менамуданд, аммо аз серкори наметавонистам аз пайи он шавам. Шабе дари хонаи уро сахт-сахт куфтаанд ва тахдид намудаанд. Сипас ба шикофии кулфи дари хона чизеро андохтаанду рафтаанд. Боз нимишаби Надя занг зад ва ин холро хабар дод. Уро ором кардаму бо хотири парешон хобидам. Шаб хобхои дахшатнок дидам. Субхи барвакт хостам давида ба назди Надяву Томирис равам. Дари хонаамро кушоям гуям як лифофаи нав пеши поям афтод. Кушода хонам боз талаби маблагро мекард. Ин дафъа маблаги бист хазор долларро ба ивази тинчиву оромии духтараму модараш талаб мекард шахси номаълум. «Агар ба органхо хабар расони, часади духтаратро дар куттии партовхо пайдо менамои! Маблагро ба селлофани сиёх андохта, ба партовгохи назди бинои хонаат парто!» Ин мактубро низ гирифтаму ба назди духтарам шитофтам. Кулфи дари хона вайрон гашта буд. Як усторо пайдо карда омада, кулфи дарро шикастем ва навашро пайваст карда мондем. Хангоми шикастани кулф аз даруни он пораи чуберо пайдо кардем, ки бо максади вайрон кардани кулф дар он ворид карда шуда буд. Томирисро ба мактаб бурда мондаму боз аз хисоби бонкиам маблаги бист хазор доларро гирифтам. Ин субх низ Саша ба кумаки ман расид ва сурогаи он чавони тахдидгарро пайдо намуд. У дар хамсоягии ман мезистааст ва чавони 17-солаи бетачрибае будааст. Дафъаи аввал Саша як гапи мухимро мехост ба ман гуяд. Аммо ман саросема барои ёфтани Томирис рафтаму дигар аз он сухбат фаромуш кардам.
Ин дафъа Саша хабар дод, ки Мутрибаи ман ба ин корхо хамдасти дорад. Боварам намеомад. Наход Мутриба чунин зан бошад? Охир ман ба у чи бади кардам? Тамоми хохишхояшро ба чо меовардам. Барояш гаронбахотарин либосу тилловориву атрхоро мехаридам. Наход ба ивази мехрубониву диккати махсуси нисбаташ доштаам, чунин носипоси намояд. Ба хар хол баъди муддате фикр кардан, занеро аз хамсояхо хохиш кардам, ки ба ман кумак расонад. Ману Саша пинхон шудему он зан дари хонаи чавони хамсояро куфтан гирифт. Аз он суй пурсиданд, ки чи мехохед. Ман амонати модаратро овардам онро бигир писарам, гуфта хохиш кард Марусяхола аз у. Мехроб- ин чавони чечени хамсояи мо дарро кушода ба Марусяхола бо хайрони менигарист, ки мо зуд ба хонаи онхо зада даромадем. Ва медонед чи гуна манзараро дидем? Ба гуфтан забонам намегардад. Мутрибаро луб-лучи урён дар бистар дидам. Мехроб низ тани урён будаасту танхо саросема хилъат пушида баромадааст. Саша дастони чавонро баста мехост ба милитсия занг занад, ман ба ин монеъ гаштам. Охир Мехроб хануз чавони мактабхони гумрох буд. Уро ба ин рохи ифлоси Мутриба бурда буд. Маруся-хола низ аз кафои мо даромада омада, Мутрибаро хакорат мекард.
— Ман ин хардуро кайхо озмуда будаму аз гуфтанаш ба шумо метарсидам хамсоя. Шумо точикон хуни гарм доред, боз ягон фалокатро сар накунед гуфта хомуш будам. Хар субх шумо ва модари Мехроб ба кор мераведу Мутриба ба назди ин бачаи гумрох мешитобад ва баъзан то бегох онхо якчояанд.
— Барои чи нагуфтед? Инхо якчоя духтари маро дуздида, бар ивазаш аз ман маблагхои калон талаб мекарданд…
— Наход, боварам намеояд. Ин ифлосхо боз криминал хам хастанд. Афсус…
Маруся-хола ба модари Мехроб занг зад. Мутрибаи лаънати хануз дар бистар дар руйчо худашро печонида буд. Мехроб бо дасти баста мехобид. Бастаи доллархо хануз нокушода дар руи миз меистод. Ман сарамро дошта намедонистам бо Мутриба чи кор кунам. Хостам уро буги карда кушам. Аммо Саша маро нигох дошт.
— Лозим шавад уро рухан азоб дода мекуши хучаин! Холо дастатро ба хуни ин нопок олуда накун.
— Маблагхои пешина кани?
— Мо онро бо ин хонум кайфу сафо карда хурдем.
— Ба ту чи намерасид занаки лаънати, ки маро назди миллатхои дигар шарманда карди?
— Амак, ту нафси уро конеъ карда наметавонистаи! Гуфт, ки шавхарам «импотент» шудаги.
— Мана, ба ту импотент!- гуфта ба сару руйи Мехроб ду-се мушти обдор фаровардам. Саша боз хам маро нигох дошт.
— Ин занак маро мачбур ба ин рох бурд. Ман пеш аз у бо чинси зан хеч гох набудам. Аввалхо таваллою зори мекард. Ба хонаатон дароварда кулчакандхои бомазза медод. Афсунам кард охир амак.
Нихоят модари Мехроб расида омад ва холати писарашро дида зор-зор гиристу суям бо нигохи илтичоомез менигарист. Худашро гунахгор мешумурд, ки чаро маро аз муносибати ин ду чинояткор огох накардааст.
— Уро ман бепадар калон кардам. Бачаи аълохон буд. Тамоми умедам ба ин буд, ки мехонаду рузе сохиби кор гашта маро аз азобхои зиндаги озод мекунад. Аммо ин писарам дигар мактаб хам намерафтааст. Имруз муаллимааш ба ман занг заду худам хозир ба чустучуи ин омада истода будам. Чанд вакт шуд, ки ба хона харидхои калон карда меояд ва ба худаш либосхои киммат харидори мекунад. Инхоро аз кучо хариди бачам, боз надуздида боши, гуям. Ин маблагхоро ин зани сарватманди хамсоя медихад , зеро шавхараш бемор асту вазифаи мардиашро ичро карда наметавонистааст, мачбурам ба ивази маблагхояш нафси уро конеъ гардонам, мегуяд. Хамин кадар насихату тахдидхои ман барояш бефоида буданд.
— Ман уро ба милитсия месупорам, барои ин маблагхоям…
— Писарам, охир ин тамоман чавон ва хом аст. Уро хамсари шумо ба ин рох бурдааст.
— Набошад, бигзор хамин занро писаратон никох карда бигирад, ман се талок кардам уро.
— Не, амакчон, ба ман хам лозим нест у. Безорам кардааст. Ба ягон каси дигар бурда дихед. Ман уро дигар намехохам. Дар чонам рамак намондааст аз дасти ин занаки баднафс. Бехтараш уро ба Миша-амак дихед. Вай мучаррад аст. Худи Мутриба гуфт, ки у бо назари харидори ба ин зан менигаристааст.
— Писарам рост мегуяд, дар баданаш чои ободи намондааст, аз дасти ин зани шайтон. Руз аз руз рангаш зард гашта логар шуда истодааст. Аммо маблагхои зиёдро дида шояд нафсаш бади мекард Мехробро.
Бо сари хам ва дили пурандух аз хонаи хамсоя берун шудаму намедонистам ба кучо равам. Бандчаи пулро дар руи дивани дахлез партофтаму телефонии мобилиамро гирифта ба хонаи хобам даромадам ва ба модарам занг задам.
— Оча, ин арусро аз кучо ёфтед?
— Ба Мутриба чи шудааст, Насимчон? Касали аст чи бало? Аз таърифа оби даханат мерафт- ку бачам?
— Э напурсед очае, кош бемор мебуд. Дар олам чи пастию касофатию ифлоси хаст, аз хамааш хабардор будааст…
— Ох писарам, ин духтар модар доштааст, ту холо саргузашти модари хочибибиашро шунави, муйхои сарат рост мехезанд.
— Набошад ин духтар модараш ками надоштааст. Ба сари Томирису Надя хам чи балохое, ки наовард ин фохишаи беаслу насаб. Кошки ба гапхои шумо гуш мекардам. Як корхое, ки ин духтари фариштаи намозхон кард, бовар кунед ягон кофир намекунад. Дузд хам будааст ин келини бибиотуни таърифиатон.
— Бо у чи кор кунам модар?
— Боз даст набардори Насимчон, дар бало мемони. Ягон илоч карда ба милиса супор уро бо гунохе дастгир карда.Ё мачбуран ба Точикистон фирист ин касофатро.
Дар хакикат хамеша аз кисахоям маблагхоро гум карда хайрон мешудам, ки аз ки гумонбар шавам. Зеро ба наклиёти шахри наменишастам, ба магозаю бозор Саша мерафт. Аммо сари чанд вакт маблагхоям, аз киссаам гум мешуданд. Бо вучуди он ки ман хамрохам маблаги калонро намегардондам. Асосан онхоро дар банк нигох медоштам. Дар бонк будани маблагхоро Мутриба медонист. Баъзан дар лахзахои сусти хангоми муошират дар чогах у кушиш мекард, ки бештар аз хусуси маблагхо бипурсад. Хатто боре кариб раками коди хисоби бонкиамро низ ба у гуфтани шудам. Хайрият, ки дар кунчи дилам нисбати зан буданаш шубха пайдо шуд ва худдори намудам. Набошад у маро тамоман муфлису гадо карданаш мумкин буд. Бо модарам дурудароз сухбат карда аз маблагхои дар дахлезбуда ва ронандаи маро интизор фаромуш кардам. Зимни сухбат дар назарам садои дари даромадгох Каме гичиррос зад. Аммо гумон кардам, ки шояд Саша бошад. Ва бо хамин аз изтиробу ошуфтагии зиёд онро фаромуш кардам. Дар гушаи шумонам хам намегузашт, ки Мутрибаи навакак шарманда гашта боз баргашта ба хона меояд. Даида ба дахлез бароям бандчаи пул набуд. Ба хонаи дигар даромада чевони либосхоро дида хангуманг шудам. Зеро либосхои кимату зару зевархои тиллоии Мутриба наменамуданд. Инчунин баъзе сангхои пурарзиш ва маводхои ноёб дар чояшон набуданд дар чевон. Зуд дари берунро кушода ба рохрав нигарам, Саша Мутрибаро бо дастони баста ва аз муяш дошта меовард.
— Хучаин, ин асло одам намешудааст, бехуда ба у рахм намуда, ба орган хабар надодед. Акнун худам хозир занг мезанам.
— Рост мегуи Саша, чои у факат кунчи зиндон асту халос.
— Насимчон, саги дарат мешавам, ин корро накун, тавба кардам, аз гунохам гузар. Дигар харгиз гунохе намекунам.
— Дигар ба ту бадзоти касофат бовар намекунам. Вокеан, модарат ба мехмони омада истода будааст. Бароят хабаргири бемалол мешавад дар зиндон.
— Ман модар …чи хел модари ман? Ту уро аз кучо ёфти?
— Аз таги хок ёфтам уро, ту гур карда буди-ку касофат. Хатто аз модари ширдодаат руй гардонда буди-а?
— Барои он ки у маро дар 15-солаги ба мардхои шиносаш фурухта бадбахт карда буд. Мефахми Насимчон, мани бечора аз дасти он модари берахм чунин бадному бешафкат ба воя расидам. Ба холи мани гумрох рахм кун, аз модар-ку надидам, аккалан аз шавхар тараххумро медидам…
— Ту шайтони накун, курнамаки ноинсоф! Аз ман чи бади дида буди, ки ин кадар нисбатам чабру чафоро раво диди? Духтари бечораам чи гунох дошт?
— Насимчон, ту гунохе надори, ман, ки аз хад зиёд дустат медоштам, аз рашки беандоза даст ба чунин корхои паст задам. Бовар кун, танхо аз руи дустдории бехад ин корхоро кардам.
— Ба у бовар накун, хучаин, у шайтони дорад…
— Ту ба хамин ронандаи фосикат бовар мекуни? Охир у чанд маротиба ба ман дастдарози карда буд.
— Дуруг мегуяд, ман маккорагии уро бо як нигох фахмида будам. Чандин маротиба маро талаб намуд, хатто зангхо мезад, таваллою зори менамуд. Аммо шайтон буданашро хис карда аз ин касофат дури чуста будам. Ин мехост, ки маро хам мисли он чавони беакл ба домаш афтонад. Аммо ба макраш натавонист маро афтонад.
— Чандин маротиба маро дар даруни мошин тачовуз карда буд ин ронандаат.
— Ба фиреби у наафт хучаин, ин пурфитнатарин зани олам будааст. Худи хозир, ки бо чизу чораи дуздиаш дастгир намудамаш, талабу пешниходхое кард, ки… Аммо барои ман дустиву рафокате, ки ту нисбатам дори, аз хама давлати дунё боло аст. Ман одати дустонамро фурухтан надорам. Мард хастам хучаин.
— Дахони ифлосатро пуш, занаки касофат, чанд соат пеш вай чавон чи гуфт? Ту маро бо кадом гунох мутаххам карди? Ман магар мардиамро гум кардаам? Мани аз кормондаро шабхо чи кадар безор мекарди? Боз рузи дароз вай бачаи бечораро бо шайтониву маблагдихи ба домат мекашидаи. Ту шайтони лаин танхо дар махбас одам мешавию халос.
Нихоят Мутрибаро бо шохидии ду хамсоязани гумонбар, ронандаам Саша ба милиса супоридему бо хамин гумон кардам, ки бори гаронеро аз душ партофтам. Охи сабук кашида ба назди Надяву Томирис рафтам ва мехостам дар пеши пояшон сар гузорам. Надя ба ин ичозат надод. Гуфт, ки ба хар хол чои истикоматро иваз карданамон лозим аст. Азбаски Томирис ба таътили тобистона баромада буд ва Надя хам рухсати гирифта буд, аз у хохиш кардам, ки ба Санкт-Петербург рафта бароямон манзили зист сурог намояд. Онхо рози шуданд. Ин шабро, ки баъди нооромихои зиёди зиндагиам бори аввал орому осуда будам, дар бистари холишудаи худ руз кардаму нафаси сабук кашидам. Хайрият, ки чунин руз хам мерасидааст, андешидам ба худу боз хам хато кардам. Онхоро ба фурудгох бурда гусел кардаму баъди кор ба хонаам биёям, хамачо титу парешон буданд. Маълум, ки имшаб боз дузде даромадааст. Худам хайрон будам, ки ин Мутрибаи касофат дар махбас аст, боз ин кори ки бошад. Муддате хонаро наззора кардаму хостам боз ба милиса занг занам, аммо ба ман занг зада тахдид намуданд, ки хомуш бошам, вагарна аз ин хам холам бадтар хохад шуд. Боз ба андеша фуру рафтам, ки дари хонаам бо калид кушода шуд а ду нафар маскапуш зада даромаданду маро зери мушту лагад гирифтанд. Ончунон берахмона мезаданд, ки дар баданам чои ободи намонд.
— Аз ман чи мехохед? Чаро маро бегунох мезанед?
— Ту сабабашро намедони? Чаро он занаки бечораро ба махбас гусел карди?
— Шумо хам одамхои Мутриба? Охир вай дар ин муддати кутох аз кучо ин кадар дустхо пайдо кардаасту чунин корхоро ба накша гирифтааст?
— Гапро кутох куну худи пагох рафта аризаатро бигир ! Набошад, чонат ба саломат намемонад. Мо боз пагох меоем.
Баъди рафтани онхо муддати зиёд ба худ омада наметавонистам ва мадори аз чой чумбидан хам надоштам. Бехис мехобидам, ки маро кассе бардошта ба чогахам гузошт ва латтаеро тар карда ба чойхои варамидаи сару руям мегузошт. Базур чашмамро кушоям ин Саша буд. Хайрият, ки дируз ба дасти у як калидро дода хуччатхои хона ва хамаи чизхои Мутриба ба ягмо бурдан мехостаро ба у дода будам, ки ба ягон чойи бехавф пинхон кунад. Инак боз Саша ба кумакам расид. Вагарна то субх дар танхоиву дард мемурдам. Саша усто оварда як дари тамоман дигар ва кулфхо чандкабата шинонда маро ба як клиникаи шахси чойгир намуд. Хайрият ба толехи пешониам чунин инсони хубу вафодорро Худо бароям фиристода будааст. Боре хамсари Саша бемор гашта буду барои чаррохиаш маблаги калон лозим шуд. Вай бо чашмони пуроб ба ман мурочиат намуда буд. Ман баъди як соати он сухбат барояш чунин маблагро пайдо намуда, то субх хамрохаш дар бемористон нишастам. Аз ин кори ман у сахт дар хичолат гашта, харчанд мехост, ки рафта ба хонаам хоб равам. Аммо ман чашмони пуроби ин чавонро дида мансабамро хам фаромуш кардам ва мисли дусте он шаб то субх хамдамаш будам. Зеро чавони дидадаро буд Саша ва бисёр мехостам барояш кори хубе кунам. Хамсари у пурра шифо ёфта ба хонааш баргашту аз он вакт сар карда у бароям мисли як дусти содик наздик гардид. Саша хам дар лахзахои душвор маро дастгиру мададгор гашт. Муддати як мох дар бемористон табобат гирифтаму у бо хамсараш хабаргирони бемалолам буд ва танхо дар рузи суди Мутриба Саша маро ба додгох бурд. Дар паси панчара хамрохи Мутриба се чавони дигари кавказимонандро дида, дар хайрат афтодам. Саша тамоми «банда»-и Мутрибаро ба даст афтонда буд. Ин чавонхои авбошро ту аз кучо пайдо карди, гуфта раиси суд пурсад, Мутриба чавоб гардонд, ки онхо маро пайдо карданд, на ман онхоро. Зимни гаштугузор дар супермаркетхо онхо аз кафои ман шуда буданд. Дидам, ки чавонхои хузарби нозанин, ба хона даъваташон кардам. Рости дар аввал рохат доштам аз муносибати онхо. Аммо дертар онхо ба муносибатхои шахвонии гайринсони гузаштанд. Чанд дафъаи дигар маро ба хонаи худашон бурданд. Онхо ба хонаам хам омада, хам маро истифода мебурданду хам хонаамро горат карда мерафтанд. Хакки хизматашонро талаб менамуданд. Шавхарам бошад аз серкори чизеро пайхас намекард. Баъзан дар баданам изхои дандонашонро хам мегузоштанд берахмона, аммо Насим онро хам намедид дар торики. Дигар аз чонам безор шуда будам, зеро талабхояшон руз аз руз бештар мегашт. Мачбур шуда, маблагхои киссаи шавхарамро дуздида ба онхо додам. Аз дасти онхо чои гурез надоштам ва мачбур шудам, ки ин бачаи хамсояро ба дом афтонда рузонахо дар хонаи Мероб панох барам. Дар аввал рости нияти ин бачаи тамоман кудакро бероха кардан надоштам. Аммо руи бегубораш, чашмони хумораш ва нихоят чорпахлуву бокувват буданаш хушамро бурд. Бо як бор даъват кардан, зуд ба хонаам омад. Гумон накардам, ки у низ мунтазири ин кор аст. Бо либоси нимбарахна дар ру ба руяш сари миз нишаста барояш хушгуихо менамудаму у чашмонашро аз сари синаи ман намеканд. Аз у пурсидам, ки ин корро метавонад. Зуд чавоб гардонд, ки ту ба ман меомузи онро. Ва ман суйи хонаи хобамон рафтаму у аз паси ман… Ва бо ин чавони кудак накшаи аз шавхарам пул канданро кашида хеле зиёд тайёри дидем. Бори аввал нисфи онро ба инхо дода гумон кардам, ки бо хамин халос шудам. Аммо халоси аз ин авбошхо кори осон набудааст. Барои пинхон шуданам онхо маро чазо доданд. Яъне ба хонаашон бурда 15 нафар бо навбат маро истифода мебурданд. Хар дафъаи навбати дигари расидан таваллою зори мекардам, ки дигар наметавонам дошт дода. Онхо ба холам хандида мегуфтанд, ки сазои сари зани хиёнаткор хамин аст, танхо азобу укубат ва огоз мегардид дарди чонкоху токатфарсо. Дигар дар чонам рамак намонда буд ва худи онхо низ хаста шудан шояд, ки тачовузро бас карда тахдид карданд, ки агар боз фиреб кунам, дафъаи дигар 15 каси дигар зам мешавад ба ин гурух. Ва баъди се руз барояшон мебоист 20 хазор доллар омода месохтам. Он маблаг нихоят ба дастам расид, гирифта ба хонаи Мероб бурдам. Акнун, ки пул ба дастам расид, намехостам онро ба ин авбошхо дихам. Бо Мероб накша кашидем, ки ба хонаи як хеши дури онхо ба Чеченистон гурехта меравему аз ин авбошон панох мебарем. Боз тиллову тангахои дигарро низ чамъ карда монда будам. Аммо ин Саша моро дастгир карда накшахоямонро барбод дод. Ва бори дуюм нияти гурехтан кардему боз хам Саша халал расонд. Ин буд тафсилоти хамаи он вокеахои нангини аз сарам гузашта. Медонам, ки сазовори чазо хастам, зеро бо хама гунохи доштаам шавхарам маро бахшида буд. Аммо ман носипосиву курнамаки кардам. Уро хамаги ду мох зани поку вафодор будам. Аммо баъди ин хамеша фиреб мекардаму у ба фиребхоям бовар мекард. Зеро мисли ман зани шахватпарасти мардкушро аз ин пеш надида буд. Марди дар рохаш рости худотарс буд Насим. Аммо ман курнамак…
Ба Мутрибаву шарикони чиноятпешааш чазои сазовор доданд. Баъди аз толори суд баромадан нафаси сабуке кашидам. Зеро баъди чандин муддати рузхои пуртахлукаву серташвиш чунин рузи осудагиро медидам. Барои ба чунин руз расидан танхо аз Саша миннатдор будам. Рузхое, ки ба сарам Мутриба овард, агар марди дигар мебуд шояд сактаи калб мегашт. Аммо ман бо кумаки Саша тавонистам боз коматамро рост карда сохиби хонаю дари обод ва чойи кори хубе гардам. Танхо дар Москва нею Санкт-Петербург.Хушбахтона Надя маро барои гумрохиам бахшид ва бо хохиши Томирис бароям боз писарчае хадя намуд. Дигар хасрату ормоне маро намонда буд, ба чуз ёдовар гаштани рузхои нахсе, ки маро ба туфайли Мутрибаи шахватпараст пеш омада буданд.
Баъди он ходисахо муддате ба худ омада натавониста ба Точикистон назди модарам омадам. Он кас аз духтари пайдокардаашон дар хичолат буданду намедонистанд бароям чи сухане гуянд. Аммо ман тасаллиашон додам, ки ба хамааш худам гунахкорам. Зеро бо дидани як ходисаи зиндаги, чунин хулосаи аблахона баровардану саросемавор напурсидаю насанчида издивоч кардан албатта кори хато буд, хатои нобахшидани. Худам модарро мачбур кардам, ки ба зуди арус ёбанд. Кори саросемаги хамин будааст. Рузе бо хохиши модарам як зане мехмони хонаи мо шуд, ки бо оилаи Мутрибаино аз наздик шинос будааст ва бо айби модари у- Хочи-бибии маккора зиндагии тинчу осудааш руй ба вайрони оварда панч кудакаш сарсону саргардон гаштаанд. У чунин накл кард.
Ману шавхарам Мастон бо ишку ошики хонадор гашта будем. Мастон дар чавони як йигити нозанини чор кас медидаги ва дастонаш пурхунар буд. Хама духтарони деха хаваси уро мехурданд. Аммо у муи дарози маро дида байни онхо интихобам намуд. Баъди туй зиндагии хушбахтона насибамон гардид. Хусуру хушдоманам аз ману ман аз онхо каноатманд будем. Мастон устои чирадасти таъмири автомашинахои сабукрав буд. Мизочони бисёре дари хонаи моро мекуфтанду базур уро дастрас мекарданд. Зеро хеле серкор буду кораш босифат. Бахт аз ин зиёдтар намешавад, фикр мекардам хамеша мани духтари сагираи бемодар. Хушдоманам маро мисли модар гашта буданд. Мастон аз ин муносибати ману модараш меболиду рузгорро ба дарачаи даркори таъмин менамуд. Аз чизе камбуди надоштем. Аммо инсон хар кадаре доранда бошад, боз хам мехостааст, ки онро афзунтар намояд. Сохиби се тифли нозанин гаштем. Ду духтару як писар бо кадами неки худ хонаи моро мунаввар сохта буданд. Аммо бадбахти дар паси ин хама рузхои нек истода, лахзаи сустии одамизодро мекофтааст. Ана хамон бадбахти Мастони маро дарёфт. Баъди вафоти хушдоманам гуё тамоми рузхои сиёхи мо огоз гардиданд. Ду тифли хурдиам дар мобайни гурбату аламхо таваллуд шуданд.
Дар як шахраки наздикии дехаамон як ширкати бонуфузи хоричи ба кор огоз кард. Мастон низ чун ронандаву таъмиргари бехамто бо тавсияи дустонаш ба ин ширкат ариза навишт. Баъди санчиш уро зуд ба кор кабул карданд. Ва дар он шахрак ба мо хона доданд. Рузхои аввали зиндагиамон дар шахрак хеле хушу гуворо буд. Аз тамоми манотики кишвар ба ин шахрак мутахассисони синну соли гуногун меомаданд. Дар подъезди мо низ ду апаву хохари бешавхар, ки дар ин ширкат кор мекарданд, сохиби хона гаштанд. Онхо дар хонахои алохида мезистанд. Баъзан пагохихо Мастон онхоро бо хохиши ман ва бо мошини хизмати, ки дар назди хонаамон мегузошт, то ба идора мебурд. Аввал у намехост, ман хохиш кардам, ки савоб мешавад як беваи бечораро то ба манзил расонидан кори савоб аст. Аммо чи мегуед, ки хамин беваи бечора Мастони маро ба доми хеш афтонд. Дигар огоз гардиданд киссаи ошикии Мастону Замира. Аввалхо онхо пинхони вомехурдаанд, дертар ба муносибати руйирост гузаштанд. Ин Замираи бева як духтарчаи хурдакак дошт. Хамин Мутрибаи хушёрак аз кафои модараш мегашту дар хурди аллакай ба хама чиз сарфахм мерафт. Дигар шабхо то субх Мастон ба хона намеомадаги шуд. Хонаи Замира дар болои хонаи мо карор дошт. Шабхои тобистон тирезаи хонаи хобамонро кушода мемондаму шабе аз садои зане бедор шудам. Аввал гумон кардам, ки зани беморе аз дард менолад. Аммо афсус, у бо овози баланди ба худ хос аз зурии шахват нолиш мекард. Хайрон шудам, ки ин бехаё ки бошад, ки сирри даруни чогахро то ба фалак бароварда истодааст. Дурусттар гуш дихам овози Замираи хамсоя буд ва ба пахлуям нигарам Мастон дар он набуд. У бо охистаги гайб зада буд. Бистари поки якчояамонро бо чогахи фохишае иваз намуда буд. Овози навозишомези мард низ меомад, ки аз ишвахои зани мардкуш сармаст гардида, чи суханхоеро ба забон меовард. Сохиби овоз низ аник гардид. Ин Мастони гумрохи ман буд, ки барои чунин як зани пасти беобру худро курбон кардани буд. Дигар овозашон баръало меомад.
— Мастончон, ту касро хушбахт мегардони. Медони чи кадар гуворо хаст огуши ту?
— Бори аввал мешунавам ин суханхоро?
— Хамсарат намегуяд, ки ту хеле ….
— Э зани ман аз кучо мефахмад, кадри мардро? Ба у факат таваллуд кардан бошад.
— Охир кур мешавад он зан, ки кадри чунин мардро намедонад. Ман зори ту хастам. Хохи бароят мемирам.
— Намур харгиз Замирачон, ки бе ту ман хам мемирам. Охир ин хел зани дилкашу нозанинро дигар аз кучо меёбам?
— Охир занат хаст-ку!
— Вай чойи туро гирифта наметавонад. Вай кур аст Замирачон…
Ду масти ишк ва ду бехаё аз шуру шавки баланд, бехабар аз он ки тамоми биноро аз хоби ноз бедор кардаанд хамоно суханбози мекрданд. Аммо мани бечораи танхо даруни бистари холигаштаи бемарди худ аз дард менолидам. Хайрон будам, ки чаро Мастон маро назди ин фохишаи беномус чаро ин кадар паст зада тахкир месозад. Охир ман навозишро надонам хам, боре суйи марди бегона нанигаристаам. Зани поку халоли танхо у хастам. Ин Замира бошад аз ягон марде руй намегардонд. Боз ин кадар дар назди шавхари ман кадр доштааст. Боре нисфишаби хабар расид, ки падари Мастон дар деха сахт бемор шудаанд. У, ки дар хона набуд мачбур шудам, ки дари Замираро кубам. Шояд шумо бовар накунед, аммо ба руям дарро як марди хабаш кушода талхаамро кафонд. У тамоман урён буд. То ки бадани лучи марди хабашро набинам дарро пушондаму аз пушти дар «Мастон» гуён фарёд кардам. Аз он Замираи нимбарахна баромад, ки «Кури, ки намебини, Мастон инчо нест». Ба ногох дари хохари Замира — Сарвина кушода шуду Мастон аз он чо сар баровард. Замира уро дида:
— Ха Мастони номард, боз баркасди ман хохарамро имшаб…
— Ту ки даратро накушои, кучо равам?- мегуфт мастона Мастон ва яке чашмаш ба ман афтод.
— Ту инчо чи кор мекуни? – ё ки ту хам…
Ин манзараи нангинро дида дилам аз оламу одам ях гардид.
— Э муред, беномусхои расво! Руйи нахсатонро кошки намедидам. Касофати шумо саратонро хурад. Боз бар сарам ягон бало набиёрад. На аз занги руй мегардонеду на аз немису англис. Шармандахо! Хок кашад хамаатро якбора, ки замин аз шумо пок гардад. Боз ман фикр кардам, ки инаш духтари хона бошад. Мастон, садкаи зани халолат шави! Агар падарат бемор намешуданду онхо занг намезаданд, харгиз шохиди ин расвоги намешудам.
Ин харфхоро гуфтаму бо хотири озурда ва дили гирён зинахоро поин шудам. Мехостам бо тамоми овоз фарёд занам ва тамоми мардумро аз ин расвоиву беномуси ва касифихо огах созам. Аммо хамаи дарди гаронро фуру бурда худро даруни хонаам гирифтам ва инони ихтиёрро сар дода ба гиристан даромадам. Хайрон будам, ки Худованд маро барои кадом гунохам чунин зиндагиву бевафоиву хиёнатро насиб гардонд. Мехостам даст ба худкуши занам. Хостам бори охир ба чехраи тифлаконам нигараму баъд ба ошхона рафта сиркоро гирифта истеъмол кунам. Онхоро як-як бусидаму болопушхояшонро дуруст кардам ва бо дили садпора мехостам аз хонаи хоби онхо берун шаваму бо ин дунёи фиребо ва пур аз фиску фучур падруд гуям. Аммо духтари калониам ногох бедор шуда маро аз раъям гардонд.
— Очачон тинчи аст, боз хобатон намебарад?
— Ха, хобам набурд, бихоб духтаракам ва хохару додараконатро эхтиёт кун, ман меравам.
— Ба кучо меравед очачон, моро ба ки монда меравед? Кучое равед, моро хам баред, бо падарам намонед. Моро модари угай азоб медихад. Наход дилатон ба холи мо насузад.
— Охир дигар намешавад, духтаракам, ту маро фахм. Аз ин зиндаги мурданам бехтар аст…
— Шумо факат худатонро фикр накунед, мо панч нафар дарбадару хору зор мешавем. Моро напартоед очачон. Биёед бехтараш хамакаса ягон дору хурему бимирем ва падарам чазояшонро бинанд.
— Магар, ин чазо мешавад барои падарат? У хозир парвои моро надорад. Хушу ёдаш ба ин хохарони бехаё. Худи пагохаш зан мегираду давру даврон карда мегардад.
— Пас рохи дигарро бояд ёбем оча, нагузорем, ки падарам ин корашонро давом дода гарданд. Хамаи хамсинфони ман мепурсанд, ки падарат шуморо партофта холаи Замираро гирифтаанд магар. Намедонам ба онхо чи гуям. Охир хама медонад. Садои онхоро тамоми бино мешунидааст.
Ману духтарам сухбатамонро тамом накарда Мастон сари чахл давида омад. Ва маро зери мушту лагад гирифт.
— Ту занаки ифлос, боз ба сари Замира чанчолкуни мерави?
— Охир, ман шуморо кофтани рафтам. Падаратон бемор шудаанд…
— Падарам бахона, маро капидани рафти, харом?
— Харом туву он фохишахоят фахмиди!- гуфтам токатам ток гашта.
— Чи мегуи? Холо ту забон бароварди? Боз онхоро фохиша мегуи? Ба нохуни пояшон баробар шуда наметавони ту занаки бехунар.-гуён маро боз хам бештар зери мушту лагад гирифт.
— Дигар очама назанед, дада! Ин кас гунох надоранд,- гуфт духтарам тарафи маро гирифта,- аз хамсояхо шарм намедоред, ки бо Замира хола мегардед?
— Боз ту хам тарафи хамин занаки ахмакро гирифтани хасти? Ман ба чашми ту барин тарафгир нишон медихам, гуён духтарамро зери мушту лагад гирифт.
Фарёдкунон ба берун баромада хамсояхоро ба ёри даъват кардам. Ду –се нафар омада бо азобе духтаракамро аз дасти падари чохилаш халос карда гирифтанду аз вокеа огох гардида ба Мастону Замираю Сарвина
лаънатхо хона баромада рафтанд. Мастон акнун шарманда шудам гуфта чанд муддат бегохихо баъди кор ба кишлок назди падараш мерафт. Акнун фикр кардам, ки нихоят аклаш ба сараш задаасту дигар зиндагиамон ба мачрои пештарааш медарояд. Як бегох хариди бисёр карда омад ва бо хамин мехост бо мо ошти шавад. Мо уро бахшидем. он бегох дар хонаи мо гуё ид буд. Хама кудаконам шоду масрур буданд. Мастон оши палавро бо иштихо хурда бо кудакон хазлу шухихо мекард. Аз шоди кариб дар куртаам намегунчидам мани зудбовари соддафеъл. Акнун Мастонам дигар аз бахри Замира мебарояд гуфта чои нишастан намеёфтам. Шояд, ки чунин хам мешуд. Аммо он шаб…
Ману Мастон баъди чудоихои дурудароз бори аввал дар бистар сар мондем. Ва баъд орому осида хобида будем. Як поси шаб гузашта буд, ки садои оху шевани Замира аз боло баланд шуд ва Мастон бетокат гашт. Ин зани бехайё чунон бо шавку шур нолиш мекард, ки марди дигар хам мебуд ба фикрам токат карда наметавонист. аввал болиштро ба сараш гузошт, ба хаёлам садои ун зани фохиша тамоми шахракро гирифта буд. овози мард низ мебаромад, ки бо забони нофахмо чизе мегуфт. маълум, ки боз ягон гайриточикро мисли хабаши оншаба ба доми худ афтонда овардааст ин Замира. Мастон ба пахлуи дигар мегашту ох мекашид. Нихоят токаташ ток гашта ба берун баромад. Сигор дуд мекарду гарки андеша гашта буд. Дигар то субх хоби Мастон набурд. Боз пагох уро гум кардем ва нимишаб акнун овози нолиши шахватолудаи Замира бо садои Мастон чур шуда буд. Ман хайрони Замира мешудам. Наход зан то хамин дарача баднафс шавад. Худованд уро чазо дода буд. Духтарчаи ягонааш дар ба дар мегашт. Аллакай хушёрак гашта буд. Ба духтарони ман хар гуна саргузаштхои модарашро ва тухфахои мардхои гуногунро бо ифтихор накл мекардааст. Гуё баъзе м ардон уро сари зону гирифта навозиш мекардаанду ва гайрахо. Ба духтарам бо Мутриба бози карданро манъ кардам ва уро дигар ба хонаамон рох намедодам.
Пагохии барвакт мехостам рохравро рубам, ки Замира аз боло намоён шуд. Чунон бовикор рох мегашт, ки мегуи, ки ягон зани покдомани фаришта бошад.
— Ха фохиша, аз мардхои нав ба нав монда намешави? Охир чони ту аз пулод аст? Хамун зангихота овардан гир, мардаки маро чи кор мекуни? Боз каттагии ин садкасаро хар намебардорад…
— Ту аввал як бор ба оина нигар, баъд ба ман эрод гир. Афти хунуки туро дида мардхо аз ту хазар кунанд гунохи ман чист?
— Охир наход мардакои катор-катор кирои фахр кардан кунад? Ту бечора гайри огуши мардхои бегона дигар чизро дар дунё намебини беномус. Маънои зиндагиат танхо хамин ….мардхо аст. Як шу гири намешавад, ки мардхои моро овора накуни!
— Ман аллакай шу гирифтам, Мастон маро ба никохаш даровард.
— Э Мастони бечора, туро аз дасти зангихо чи хел кашида гирифта бошад? Холо гуй, ки худро ба балои бад гирифтор кард. Афсус…
— Холо ман ба ту беаклак нишон медихам таъназаниро!- гуфта бо карру фар аз дари подъезд берун шуд Замира.
Дар хакикат гапи гуфтагиашро кард у. Бегох Мастон омада маро мачбур кард, ки ба хонаи у рафта либосхояшро шуям.
— Агар ин корхоро накуни, ту ба ман се талок гуфт, бо катъият Мастон.
— Ту аклат дар сарат аст мардак? Чаро маро пеши ин нокас паст мезани Мастон? Худи хиёнатат бас нест магар?
— Ман аз кавлам намегардам. Агар ин корро накуни, ту барои ман харом!
Мачбур шудам, ки бо ашкхои шашкатор тамоми либосхои Замираро аз тагпушхояш сар карда шушта пахн кунам. Дилам ба холи худам месухту илоч надоштам. Чунон хориам омад, ки бо тамоми овоз мехостам гиря кунам. Аммо гурур нагузошт, ки пеши ин зани пасти беномус зору нолон шавам. Ба хотири вайрон нашудани зиндагиам бо Мастон, ки то хануз дусташ медоштам мачбур шудам, ки ин корро кунам…
Замира бошад голибона табассум мекард. Ин захрхандаи зани ракибам чигарамро сурох карда бошад хам хомуш будам. Зеро аз хукми навбатии Мастон метарсидам. Зеро панч тифл доштам. Онхоро наметавонистам бепадар таъмину тарбият намоям. Аммо дилам мехост, ки чашмони Замираи сабукпоро канда гирам ва худашро лахту пора созам, то ки замин аз як инсони касофатбор пок гардад. Духтараш низ дар шайтониву нозу карашма кардан аз модараш ками надошт. У низ либосхояшро оварда дар пешам гарам кард, ки бишуям.
— Дасти худат шикаста аст-чи Муцтриба?- гуфтам бо алам.
— Оча, ин чалочин маро дастшикаста мегуяд,- гуфт у зуд ба модараш хабар кашида.
— Либосхоятро мон, мешуяд! Нашуяд агар дасти худашро мешиканам фахмиди Мутрибачон,- гуии бонавозиши Мастон аз хонаи дарун омад, гуё ки духтари худаш бошад. Духтарони худашро боре чунин навозиш намекард у.
— Ха, гуломи падаратонро ёфтед, овардан гиред!- либосхои зангихои хушдорони очат бошад хам биёр, ман мешуям. Шумо аз кучо вакт меёбед? Мардако дар навбат истодаанд пушти даратон. Ба шумо очаю духтар хам осон нест охир…
— Оча, ин кампир боз зангихоро гуфта таъна мезанад. Дар куча духтаронаш мана таъна мезананд ,занги гуфта, ин чо ин. Дахани ин занатона гиред амаки Мастон!
— Даматро гир, ки набошад чогатро якумри кулф мекунам, боз садо баланд кард Мастон.
— Ту чоги ин фохишахоро гир агар зур боши. Ту мард боши занаки аз сад кас мондагиро ва саркути зангиву арабу англисро болои сарат бардошта мегарди? Ту марди бешарафу бенангу номус шуда рафтаи. Хама ба холат механданд, ки навбати Мастон аз хама охирон баъди мардхои хоричи гуфта. Охир то ин дарача паст шудани туро дида дилам ба холат месузад. Ба тухми занак кахти омад, ки чуниашро дар пеши чашми ман эрка карда истодаи?
— Ба фикрам дили ту боз мушту лагад хоста истодааст,- гуён давида омада маро муштборон кард Мастони бешараф.
Базур аз таги дасташ халос шуда рохи хонаро пеш гирифтам. Ба холи худам рахмам омад ва зор-зор гиристам. Аккалан модар надоштам, ки пешаш рафта аламхои диламро холи кунам. Хохаронам хам хама овораи зиндагиву шавхару кудакони худ буданд. Танхо хаволаи ин зани беимонро ба Худо супурда чазояшро аз Парвардигор мехостам. Ба фикрам он шаб нолахои ман ба гуши Худочон рафта расид. Аввали шаб аз хонаи Замира овози мардонаи бисёре шунида шуд. Маълум, ки айшу нуш доштанд. Шаб нисф нашуда садои чирроси Мутриба баланд шуд ва чандин садохои дигар низ ба он чур гаштанд. Пагохи маълумамон гардид, ки кадоме аз мехмонхо ба номуси Мутрибаи 13-сола тачовуз кардааст. Садои шуру валвалаашон то ба гуши милитсияи минтакави хам рафта расид. Хулоса то субх Замира ороми надошт. Зеро рузона оби чашми мани бегунохро резонда буданд модару духтар. Нмаедонам ин корро кадомин мард кард. Шояд он Мастон буд ва ягон нафари дигар аник намедонистам он шаб. Мастон аники гапро намегуфт хеч гох. Ба хар хол доманиисмати духтарчаи тамоман кудак догдор гардид. Ва касе аз ин духтари чашмакош бозингар ягон чизи бехтареро хам интизор набуд. Дигар у баъди ин даст ба даст гашт. Гохе писарбачахои бинои мо ва гохе бачахои бинохои гирду атроф уро болои чердаки бинохо мебароварданд. Мардхо низ нисбати у таваччухи зиёд доштанд. Барои Замира низ як кори мукаррари буд расвогии духтараш. Зеро худ ба дарачаи гушношунид бо мардхои гуногун алока дошт. Аммо бо вучуди хамаи ин корхо Мастон аз у даст кашида наметавонист. Мегуфт, ки дигар наметавонам. У маро чи балое кардааст, ки бо вучуди дидани хама гуна расвоияш боз дилам уро мисли духтари хонаи очаш набусида талабгор аст. Шабе, ки Мастон аз кор дер меомаду ба хонаи Замира рафта наметавонист, у хатман мардеро даъват карда садои шахватомезашро баланд мекард ва бо ин кораш мехост шояд рашки Мастонро орад. Бешарафиашон то бадарачае расид, ки апаву хохар бонавбат Мастонро даъват мекарданд. Баъзан байни худ муросо карда натавониста чангкунон то ба берун мебаромаданду худро шарманда мекарданд. Хамсояхо гиребони тавба дошта ба сабру токати ман хайрон мешуданд, ки чаро ман хомушам. Аммо намедонистанд, ки ман аз гуфтану мубориза бурдан хаста шудаам. Рузе ба хама маълум гардид, ки Сарвина аз Мастон хомиладор гаштааст. Ин хабар апааш Замираро бетокат карда буд. Зеро у бо вучуди мардхои зиёде доштанаш танхо Мастони маро мисли моли шахсии худ мепиндошт ва уро намехост бо касе таксми намояд. Нихоят рузе Сарвина писар таваллуд карду косаи сабри Замира лабрез гардид. Баъди хаёхую чангу чанчолхо апаву хохар ногап шуданд. Ин тифлаки гунох бо омадани худ ба дунё байни хохарон сарди афтонд. Дигар онхо бо хам ногап буданд. Чи мегуед, ки он тифлро хатто ба номи Мастон ба кайд гирифтанд. Аммо падараш аник набуд. Ин Мастон барои хохарон як воситаи дилхушиву руйпуш кардани гуноххояшон гашта буд. Зиндагии номураттаби хохарон мисли пешина давом дошт. Писарча калонтар шуда Мастонро «дада» мегуфт. Мастон хам ба у дилаш гум зада хамеша тухфахо меовард ва бо ин гаши Замираро меовард. Нихоят рузе фаро расид, ки хеч кас интизор набуд. Кадоме аз хушдорони Замира як кори савобе кард. Уро шояд барои шустани гуноххояш бошад ба зиёрати Каъба равон кард. Ман як охи сабук кашидам, ки акнун шояд Мастони маро рахо месозад ин зан. Зеро вактхои охир Мастон байни ду хохарон ва зиндагии оилаи мо саргаранг гашта ба аракнуши дода шуда буд. Боварии касе намеомад, ки хамин Замираи сабукпо хочибиби шавад….
Аммо баръакси тамоми андешахои нисбаташ доштаи мардум чунин руз фаро расид ва Замираи пургунох ба зиёрати Маккаи Мукаррама мушарраф гардид. Мо тамоми бошандагони биноямон ва умуман мардуми шахрак аз Худои мехрубон шукрона намудем, ки як зани нопок дар олам кам гардид. Ва Замира баъди авфи гуноххояш шояд ба катори занхои худотарсу порсо дарояд. Аммо тахмини хама хато баромад. Хатто зиёрати чунин даргохи мукаддас ва тавбаю надоматхои кардааш ба Замира хамаги ду мох таъсир карданд. Шояд аз ин хам камтар. Зеро мо уро баъди аз зиёрати Каъба омаданаш муддати ду мох надидем. У дар хонаи модараш меистод. Духтарчааш Мутриба низ наменамуд. Муддате мо бошандагони ин бино тинчиву ороми доштем ва аз ин осудагии худ шукрона мекардем, ки хайрият як зани пургунох тавба карда моро аз садои нофораму шахватомези шавхаронамонро бетокаткунандааш рахо кард. Аммо хама гумонхоямон ботил баромаданду Замира боз пайдо гардид. Муддати як хафта он марди шариф, ки сабабгори «покшавии» у гардида буд, ба хонааш омада болонишин буду садои нолишхояш Мастони маро бетокат намекард. Аммо баъди як хафтаи расои ин ходиса он марди савобчуйро ба кори дигар гузарониданду у фирор кард. Дигар боз сар шуд, рузхои шавхаргумкунии мо.
– Мастон, чаро ин кадар бемехр шуди, нисбати зани никохиат?- гуён аз дари хонаам сар даровард Замира.
– Хочибиби, ин тавр нагуед, ки гунахкор мешавед, охир шумо шавхари никохи доред-ку! Ба як зан чанд шавхар раво аст?
– Никохи ман бо он марди эрони муваккати буд, холо ки рафт он ботил шуд. Холо ман танхо зани Мастон.
– Аммо Мастон аз шумо руй гардондааст,- ба чойи шавхарам чавоб додам ба у.
– Худаш забонашро хурдааст, ки ту ба чояш чавоб медихи?
-– У шуморо дидан намехохад «хочибиби»!
– Худаш баромада чавоби маро дихад.
– Гум шав, аз хонаи мо занаки шарманда, зиндагии мо нав тинчу осуда шуд, боз падару модарамро чудо мекуни, нопок!-гуфта духтари калониам мехост Замираро аз дарамон берун кунад.
Аммо ин зани беномус хамоно Мастонро талаб мекарду шавхарам аз хона баромадан намехост. Нихоят ману фарзандонамро тела дода бо зури ба хонаи хобамон даромад Замира. Ва садои онхо акнун аз берун шунида мешуд.
– Мастон, чаро ин чалочинхо ба чойи ту чавоб медиханд? Забонатро хурди магар?- гуён мехост Мастонро ба огуш гирад.
– Рав, аз ин чо, ту барои ман харом, дигар диданат намехохам,- гуфта Мастон Замираро тела дод.
– Ман бе ту ба хеч кучо намеравам, бе ту наметавонам, азизакам, ту бе ман хору зор шудаи. Як ба оина нигар! Рангат зарду худат логар шудаи. Аз ин зани ифлосат чи мегири Мастончон, мурамта. Дар ту чони ман, биё равем.
– Рав, гум шав гуфтам-ку! Дигар зани маро ифлос нагу. Ифлос туи, чалочин хам худат. Хатто зиёрати Хач хам туро дигар накардааст.
– Ман ба ту барин мардаки носипос нишон медихам! Чунонат кунам, ки саги дарам шави, курнамак! Боз ин кас маро намехостаанд. Хамин хел кунам, ки дар пеши поям сачда мекуни, номард!
– Рав, чи коре аз дастат биёд, бикун чодугар!
– Пушаймон мешави Мастон, аммо дер мешавад…
– Ба фикрам гушат вазнин шудааст, ки пеш кардани дадаамро намефахми Хочибибии шайтон.
– Ту тирмизакаш забон бароварди боз? Холо истед хаматон, чунон боб кунам, ки асло маро фаромуш накунед.
– Медонем, аз дасти ту хамаи чодугарихо меояд. Худо чони туро гирад, ки халос шавем хамаамон.
Худи хамон бегох боз аз хонаи Замираи Хочибиби садои нолаву охаш баромад. Ин дафъа баландтар аз харвакта буд садои нолиши шахватолудаи ин зани шайтон. Албатта инаш барои девона кардани Мастон ва баркасди у буд. Чанд рузи дигар чунин минвол буд ахволи хочибиби. Мастон токат карда натавониста ба Руссия равон шуд. Дар ин вакт ба духтарам хостгорон омада истода буданду мехостем ба шавхар дихем уро. Аммо Мастон туйро ба соли дигар гузаронидани буду гуё хараш зин задаги. Харчанд зорию тавалло кунем хам аз рохаш нагашт. Гуфт, ки аз он чо маблаг равон мекунаму шумо тайёри бинед. Рузи туй, ки фаро расид, хабар кунед, рсида меоям. Дар ин чо асту дилам хеч ба кор намеравад. Тамоман наметавонам кор карда. Ин чодугар маро чи коре кардааст. Аз у дур шавам шояд корам барор гирад. Дар ин чо истода ба сад бало гирифтор шуданам мумкин. Бехтараш дуртар раваму шояд аз у бо хамин халос шавам.
Нихоят Мастон ба Руссия рафт. Аммо Замираи хочибиби чандин муддати дигар корхои шайтониашро давом дода мегашт. Духтараш Мутриба бошад, аз модар ками надошт. Хар руз бо чавони дигаре дар бому бомгушахо ва хонахои холи ба айшу нуш машгул буд. Нихоят ба толехи пешонааш аз ким-кадом шахр як чавони фолбине пайдо шуду Мутрибаро ба худ шогирд гирифт. Онхо бе никоху бе туй дар ичорахонаи чавон зи ндаги мекарданд. Дигар Мутриба сари чанд вакт искоти хамл мекарду боз ба табобати беморони чодухурда машгул буд. Албатта ёфт мешуданд, касоне, ки ба шайтонии ин чодугирони навбаромад бовар мекарданд ва кам хам набуданд мизочони онхо. Зеро ин мардум метавонистанд мисли сехргар бечорахои зудбоварро ба доми худ кашида киссахояшонро холи кунанд.
Мутриба дар як муддати кутох бо ин касби нави худ ном баровард. Акнун сатр пушидаву худро намозхон нишон медод. Чун мизочхоро бубинад, зуд дар дасташ тасбех гирифтаву худро очизу худотарс вонамуд мекард ва хамеша аз Худову Расул харф зада чанд сатри аз китобхои дини азхуднамудаашро такрор менамуд. Боре як хешовандони мо аз шахр овозаи уро шунида барои худро аз муоинаи Мутриба гузаронидан омада аввал ба хонаи мо ташриф оварданд. Харчанд ба он кас фахмондам, ки ин духтар хамаги чанд вакт пеш танхо ба корхои носавоб машгул буд, касбу кораш факат писаронро бероха карда ба доми худ афтондану бо онхо алокаи чинси кардан буд.
– Мегуянд, ки Куръонхон асту духтари бадаступо ва дасташ сабук…
– О дар хеч кучое тахсили илми дини накардааст. Рузе бо ду-се чавон каробат мекарду халос. Танхо чавони рохгумзадае(шояд мисли худаш шайтоне) ба махаллаи мо сараш чарх зада омаду ин хам ба доми Мутриба афтод.
– Ин кори сердаромад бедушмандори намешавад. Мумкин душманонаш чунин овоза карда бошанд бечораро? Охир шавхар дорад-ку!
– Ха, ба номаш шавхар дорад, лекин бо вучуди ин Мутриба имрузхо бо бахонаи чодугири намоишкорона , ба хаёлаш моро суз медихад, ба мошинхои гуногунтамгаи хоричи нишаста меравад. Хатто боре шабона зани хамсояамон уро дар холати бади масти аз мошин фаромаданашро дида, хангу манг гаштааст. Он мардакхое, ки оварда будандаш, баъди аз автомашина фаровардан уро як лагад дар кафояш зада бо алфози кабех дашном додаанд, ки «бибиотуни шайтон, аз мардхо хам зиёдтар арак хурда моро безор карди, гум шав аз назарамон, ки дигар руйи афсункоратро набинем!»
– Боз мо таърифу овозаашро шунида омадему фахмем гуфтем, ки чоду дорем ё не?
– Бехуда овора нашавед, у шуморо афсун карда хатман ягон чизе пайдо мекунад, аз ин кораш хам дилатон хичил шуда, аз чандин касони наздикатон гумонбар мешавед. Боз шайтони карда чанд суматонро канда мегирад. Хозир мегуянд, ки шавхараш дар сафар аст ва худаш он кадар тачрибаи кофи надорад.
– Ба хар хол як бор мерафтем, ин кадар рохро омадему… «Аз карнайчи як пуф» гуфтаанд одамони кадим. Маро шавхарам бо як азобе пеш аз корравиашон оварда партофтанду боз бегох омада мебарам гуфтанд. Ин хохарам низ шавхараш дар сафари кори асту аз ин фурсат истифода бурда омад. Шавхараш чунон бадрашку якрав аст, ки харгиз намегузорад, ки ба чое равад.
Он хешовандони шахриамон, ки апаву хохар буданд, ба гапи мо бовар накарда, сахарии солехон ба ичорахонаи Мутриба рафтанд. Вакти рафтанашон таъкид кардам, ки хангоми аз он чо баромадан хатман ба хонаи мо баргарданду то омадани автомашинаи шавхараш мунтазир шаванд. Онхо ваъда доданд, ки албатта меоянд. Аммо даракашон нашуд. Ман оши палавро дам кардаму ба сурогашон баромадам. Охиста-охиста то бинои ичорахонаи Мутриба расидаму ба даромадан поям накашид. Каме ин тарафу он тарафро нигаристаму хостам ба хонаамон баргардам, ки хамсояи рупаруи Мутриба аз даромадгохи подъездашон берун шуда ахволпурсиам намуд.
– Ха, дугона шумо хам шавхаратонро гум карда ин чо кофтани омадед-чи?
– Не, шавхарамро ман дар подъезди худамон гум мекунам. Ба фикрам инчахо намеояд у. Ин «чодугар»-ро модараш шавхардузд аст, худаш шавхар надорад магар?
– Ба номаш ин хамсар ё шояд хамхобаи хамон чавони мусофир. Аммо хамин рузхо чанд каси дигар гирифта мебаранд, баъзан мехмонаш хам мешаванд. Хамин сахар дар подъезди мо чунон шуру киёмат шуд, ки мондан гиред. Як занаки бечора чодугири омада, аз ин чо шавхарашро пайдо кард.
– Чи хел занак буд вай? Мабодо мехмонхои ман набошанд? Ду нафар буданд онхо?
– Бале, ду чавонзани хушлибоси шахри буданд. Шавхари якеш ба командировка меравам гуфта, дируз аз хона баромада будааст. Чунон муйканиву руйкани шуд, ки тамошои бепул гуфтан хам мумкин.
– Бечора занак, шавхарам бадрашку сахтгир гуфта чонаш дар харос буд. Инро бинед, ки шавхари сахтгир худаш чикора будааст…
– Боз тани майка баромада ба болои гунохаш занашро чунон зери мушту лагад гирифт, ки хамсояхо базур халос карданд. Вай мардак гумон кардааст, ки занаш махсус пай бурда уро кофтани омадааст. Ин бечора бошад тасодуфан бо апааш чодугири омада «чоду»-и асосиро ин чо пайдо намуд. Ман онхоро барои ором кардан ба хонаам даровардам. Онхо аввал мошини шавхарашро дар руйи хавлии бинои мо дида дар хайрат меафтанд. Занак аз тарс мехохад зудтар аз ин чо рафта пинхон шавад, то ки ба дасти шавхараш наафтад. Аммо хохараш мачбур мекунад, ки ин мошини каси дигар аст шояд. Охир раками мошин хам баъзан монанд мешавад, гуфта тасалло медихаду ин ходиса руй медихад. Занак аз алам меларзиду ба чуз гиристан дигар намедонист чизе гуяд. Харчанд мо тасалло медодем, аммо алами дилаш паст намешуд. Ачаб шармандагие шуд дар ин подъезд. Ихлоси хама гашт аз ин фолбину чодугир. Мардак баргашта ба хонаи у даромаду дарро бастанд. Ин занак бори дигар мехост ба сари Мутриба рафта лахту порааш кунад, аммо мо нагузоштем. Аз ин руйкани фоидае нест ба чуз резондани обру. Бо як азобе оташи дили зани хиёнатдидаро паст карда гуселонидам. Ин Мутрибаи лаънати хам аз модараш ками надорад.
– Намедонам, ин модару духтар бемори мардхо бошанд чи бало?
– Мо хам ахли хамин бино ба холи шумо диламон месузад. Осон нест албатта тахаммул кардани хиёнати руирост. Охир шумо дар хусн аз Замира чанд зина болотаред, ва чашми шавхаратон кур будааст дар хакикат гуфта хайронем.
– Як хайрон шуда шиштанатон фоидае надорад. Метарсам, ки чунин руз ба сари хар як зан омаданаш мумкин аст. Шумо аз шавхарони худ бохабар шавед, боз ба доми балои ин шайтонхо наафтанд. Акнун фахмидам, ки барои мардхо хусни расову дасти пурхунар ва пазандаи бехамто будани занаш мухим набудааст. Ба онхо танхо хунари даруни бистар мухимтар аз хама чизи дунё будааст дугоначон. Барои тифлаконам ва ба хотири ягон руз аклаш дар сараш омада аз ин рох гаштани Мастон ман хама рафторхоро токат карда шиштаам.
– Рост мегуед, мабодо шавхари ман хам хавасаш наравад ба ин беваи ифлос. Охир ин ба хама дастрас будааст. Ман хиёнатро аз тарафи шавхарам тасаввур карда наметавонам. Бехтараш бо райиси шахрак маслихат карда ин касофатро аз ин чо пеш кардан даркор. Набошад дар андак фурсат ин чоро «фохишахона» карданаш хам мумкин.
– Ман бошам ошро дам карда мунтазир нишастаам, ки мехмонхоям боз меоянд. Ин бечорахо ба худ гирифтор шуда баромада рафтаанд. Харчанд гуфтам, ки пеши хамин касофат наоянд, дилашонро бехуда хичил насозанд, ба гапам гуш накарданд. Акнун зиндагии ободе вайрон мешавад афсус…
– Рости гап чандин хонахоро вайрон карда истодааст ин духтар. Агар ягон илоч накунем, намешавад. Бечорахоро руирост горат карда истодааст. Боз ин касофатиашро намегуед. Дигар метарсем, ки ба духтарони мо таъсири бад нарасонад ин рафторхои гайриинсонии Мутриба.
Бо хотири озурдаву парешон ба хона баргаштаму духтарам хабар дод, ки падараш аз Руссия занг задааст ва гапи заруре доштааст. Фурсате нагузашта Мастон боз занг зада гилагузори кард, ки дар хона намешинам. Ман бошам хама вокеахои шудагиро ба Мастон накл кардам. У муддате хомуш истоду садои охи чукураш омад аз он тараф. Дар банди ким-кадом андешахояш буд. Намедонам он замон шояд фикри хатогихои содир кардааш ва гирифтор шуданаш ба ин сехргарон уро азоб медод. Хуб эхсос мекардам, ки у хам чабрдида аст. Яъне бо сехру чоду сари Мастони маро ба тарафи худ гардонида буданд ин тухми шайтонхо. Рости гап онхо натанхо мисли Мастон мардони беиродаро, хатто сохиби иродаи мустахкамро низ метавонистанд ба доми худ афтонанд. Рузхои охир ба хонаи Замира рохбари як ширкати бонуфузи хоричи рафтуомад дошт. Ин зани шайтон марди номбурдаро низ бо хой-хойи худ девона кардаву дар банд афтонда буд. Садои нолишхои шахватзои ин зан хар як мардро водор менамояд, ки худро дар асл марди хакикиву шахватпараст фикр кунад. Шояд ин мард низ наметавонист аз у рахо гардад. Ман акнун фахмидам, ки барои хушбахт шудан занро шарт набудааст, ки кадбонуи хуб, дузандаи мохир, сохиби аклу тамиз ва зебо бошад. Танхо дар даруни бистар хунар дошта бошад барои мард кифоя будааст, афсус.
– Занак пеши ягон мулло рафта барои ман кушоиш кун, ки дар хамин чо хам аз дасти Замира руз надорам. Бо дасти ким-кадом бачахо бароям каме хурданихо равон карда буд…
– Мардак, барои чи фиристодаи он чодугарро мехуред. Феъли бадашро намедонистед магар?
– Акнун аз он руз боз дигар дасту дилам ба кор намеравад. Худи корам хам пеш намеравад. Дар хона шиштаам бекор. Ту и н гапхоро мону аз пайи яон мулло шав.
– Майлаш, пагох меравам ба назди муллои деха.
– Пагох гуфта нашину хозир бирав, ки дигар дар ин мусофират бекор нишастан душвор аст. Мушкилкушо кун зудтар!
Худи хамон лахза хестаму рохи дехаро пеш гирифтам. Аввал ба назди як фолбини машхур рафтам. У гуфт, ки ба кори шавхарат банд афтодааст. Назди фалон мулло рафта кушоиш кун. Мачбур шудам , ки назди мулло равам. Зеро туйи арусии духтарам наздик буду барои он маблаги зиёде лозим буд. Мастон, ки бекор шуда бошад, акнун мачбур хастем, туйро ба кафо монем. Ба Мастон мавизи мушкилкушоро равон кардаму мунтазири зангаш нишастам.
Ба хонаи Замира бошад хамоно он марди эронии сарвари ширкати бонуфуз рафтуо дошт. Як бегох дар хараки сари рох бо хамсояхо менишастем, ки Замира бо нозу карашма аз мошини хоричии тамгаи охирон фаромада омад. Борхалтахояшро чавоне бардошта меомад. Мард аз пеши мошин фаромада Замираро боодобона бусида боз ба чояш нишасту бирафт. Аз ин рафтори мард Замира худро дар осмони хафтум
пиндошта, бовикор кадам мезад. Ба мо наздик шуда саломуалейк кард. Зани хамсояамон пурсид, ки ин кас шавхаратон аст.
– Шавхаршавандаам аст,- лабонашро инч намуда хандид Замира.
– Боз мо фикр кардем, ки шумо дар никохи Мастон хастед,- гуфта кунчкоби менамуд хамсояи мо зани шухтабиат.
–Ба ин кас як шавхар ками мекунад, боз никохи муваккати карда зистан мегиранд-да,- гуфтам ман нимгурма.
– Э даханат пуш ту даханканда, ки аз дасти дилнокаш буданат Мастони бечора гурехта Россия рафт.
– Боз ба ман гуфт, ки аз дасти Хочибибии маккора мегурезам, ки безорам кардааст. Боз ба ягон балои бад гирифторам накунад гуфта гурехт.
– Холо хамин хел гуфт гу! Балои бадро акнун мебинад вай номард!
– Ту аз худат дилпури, ки аз хамин чо хам истода коратро карда истодаи. Хамин мардаки эрониро ба домат афтондаи, бишин охир бо хамин, ба мардони дигар чи кор дори боз беваи шайтон. Садкаи номи хочияги шави ту ифлос. Аз пушти ту лаънатия мардаки бечораам сарсону саргардон.
– Холо ман аз у касосамро нагирифтаам. Аламам дар дилам аст. Ба чашмат нишон медихам шайтонира!- гуфту ба кибру гурур аз пеши мо дур шудани буд.
– Хочибиби вазнин шавед, ба шумо ин хел корхо намезебад. Як мардаки бечораро бо оилааш ба холашон гузоред. Охир хонавайрон кардани як бечора гунохи азим мегуянд. Боз шумо дар китоби Куръон хондагистед ва азоби рузи киёматро низ шунида омадаед шояд,- гуфта насихат кардани шуд боз хамон хамсоязан.
– Ман бахшанда нестам, ки гунохи уро бахшам. Худаш ба чону холам намонда меомаду боз ман гунахкор будаам.
– Охир шумо чозиба доред-да Хочибиби, мардакхора ба худатон кашида метавонед.
– Тавонистан даркор,- гуфта ба суйи хонааш рафт зани шайтон.
Дар дили ман тахлука афтод. Боз ин чи накшахо дошта бошад? Як руз тасодуфан чашмам ба берун афтод, ки чомадонхояшро гирифта ба мошини марди хушдораш нишаста рафт. Дар дилам оташ афтод. Боз ба назди Мастон наравад ин занак. Дидам, ки зани хамсояи кунчкобамон бо у сухбат дорад. Баъди рафтанаш зуд ба берун баромада аз у пурсидам, ки ба кучо мерафтааст ин зан у чавоб дод, ки ба хорича мерафтааст. Дар ким-кадом шахри Аврупо ин мард барояш хона харидааст. Охи сабуке кашидам.
Аммо ман охи сабукро барвакт кашида будаам. Мастон ба ман занг зада хабаре расондам, ки дуд аз димогам баромад. Замира ба пеши Мастон рафта расидааст. Акнун нав рузи осудагиро мебинам гуфта будам, аммо намешудааст аз дасти ин Замираи шайтон.
Баъд аз ин дигар Мастон занг заданро бас кард. Агар мо аз ин тараф занг занем хам чавоб намедод. Умуман телефонашро зуд хомуш мекард. Ману фарзандонам хайрон будем аз ин кори Мастон. Дигар рузхо паси сар мешуданду на аз пул ва на аз занги телефонии Мастон дарак буд. Тарафи кудохо бошанд, мачбур мекарданд, ки тезтар туйи арусии духтарамро гузаронем. Аммо ман чи тавр метавонистам бе маблаг ва иштироки падар духтари аввалини хешро ба рохи мурод гусел намоям. Духтарам низ дарунаки гусса мехурд ва ба хамон рузи нахсе, ки падараш бо Замира шинос гардид, лаънатхо м ехонд. Тарафи домод шарт гузоштанд, ки ё туйро баъди як хафта пеш гирем, ё ки онхо дар пайи кофтани аруси дигар мешаванд. Аммо ман наметавонистам барои гардондани фотихаи духтар рози шавам. Зеро духтарам бо он чавон дилдода буданд ва байнашон мухаббат доштанд. Аммо волидони домодшаванда саросема буданд, ки хавои сарди фаро нарасида, кори хайрро пеш гирем. Нихоят барои туй розигии хешро додам. Бо падару бародарони Мастон маслихат намуда ба чунин хулоса омадем, ки туйи Мохпайкарро бе иштироки падараш мегузаронем. Гумон кардам, ки бо ин амали хеш духтарамро шод мегардонам. Аммо Мохпайкар хамоно мегирист, ки ман бе дуои падар магар хушбахт мешавам. Аммо Мастон хамоно бехату хабар буд, ки аккалан тарики телефон дуои нек мекард. Аммо дили ман гувохи медод, ки Мастон хатман расида меояд. То рузи туйи арусии Мохпайкару домодшаванда Шамс хамаги ду руз монда буд, ки ба ногох Мастон бо чомадонхои пурбор аз дари хона ворид шуд. Мохпайкар аз хурсанди чойи нишаст намеёфт. Хамаамон хурсанд гашта Мастонро чойи шинондан намеёфтем. Аммо ин хурсандии мо хамаги ду соат давом кард. Банохост ва бе так-таки дар ба хонаамон Замира давида даромад.
– Мастон, ман туро чанд соат мунтазир шавам? Гуфти, ки зуд меоям. Ман туро барои ин чо нишастан аз Руссия овардам?
– Охир дар хона мехмонхо ва баъди ду руз туй мешавад…
– Ман ба туйи ту чи кор дорам? Ба хонаи ман хам мехмонхо меоянд ва таъмир кардан даркор. Чумакхои об низ вайрон шудааст. Дасти мард намерасад.
– Баро, аз хонаи мо хочияи ноинсоф! Ту хамин рузи хурсандии моро низ мотам кардани хасти? Умуман кай аз ту халос мешуда бошем?
– Ту арусаки забондароз будаи. Тарафи кудохо шояд намедонанд шаттохии туро. Нафахмида аруси боадаб меорем гуфта шитаанд…
– Кори ту набошад, ба кудохо, онхо медонанд маро. Бехтараш пеши хушдорхои дигарат рав, бо чону дил хонаатро таъмир мекунанд ва худатро низ сер мекунанд.
– Ха, ту вокеан аллакай хонаи онхо рафтуомад низ дори? Шояд хомила хам боши. Охир саросема туро бе падар баровардани буданд-ку!
– Дадачон, чаро дахони ин сагатонро дошта наметавонед? Магар аз у забонкутох хастед? О ин занаки хочии шайтон маро руирост тахкир карда истодааст. Ин чи рузи бадбахти? Чаро наметавонем аккалан дар рузхои хурсанди низ хотири чамъ дошта бошем. Магар барои моро бадбахт кардан омадед?
– Ин арусак дар хакикат адаби хушдомани худро медихад. Вой бар холи модари бечораи Шамс. Тезтар огохаш кунам хубтар нест? – гуён Замира мехост аз дари хонаи мо барояд.
– Мастон, зудтар рав аз кафои ин зани касофатат, ки набошад туйи моро вайрон м екунад,- гуфтам мачбур шуда ба шавхари нав аз дар даромадаам.
– Аз дасташ чи кор меояд модарчон, дадаамро нагузоред, ки раванд,-гуфта гиряро сар дод духтарам.
– Аммо ин занакро ту намедони Мохпайкар, аз дасти ин хама кор меояд. Метавонад туйи туро вайрон кунад. Шумо намефахмед, ки ман ба чи балои баде гирифтор шудаам ва хатто Руссия рафт а аз у халос шуда натавонистам. Хозир рафта оромаш накунам намешавад.
Мастон ин гапхоро гуфта ашки чашмонашро пок кард ва аз дар берун шуд. Ман бори аввал ашки чашмони уро медидам. Он ашки пушаймониву надомат буд. Бори аввал икрор шуд, ки назди ишки ин зани разил ва хиёнатпешаи шайтон нотавону очиз аст. Рохи халосиро намеёбам. Рости гап дилам ба холаш сухт. Он руз туйхонаи мо ба мотамхона табдил ёфт. Хама ашк мерехтем. Мехмонхои бисёре омада бе дидани Мастон гусел шуданд. Шаб аз нисф гузашта буд. Аммо аз Мастон дарак набуд. Хамаи хонахо пури мехмон буданд ва дар хонаи хоби мо низ чанд нафар хобиданд. Ман бошам дар айвон хобидам. Хоб аз кучо, танхо дароз кашидаму андешаи рузи фардоро доштам, ки ба ногох мехмоне наздам омад.
– Янгачон, дар хонаи хамсояхои шумо касе бемори сахт аст. Садои нолишаш хама чоро гирифт. Ба кумакаш намеравед?
– Ба кумаки вай занак Мастон рафтааст, нолаи вай занака Мастон бароварда истодааст…
– Нафахмидам, чи хел Мастон нолаи вая мебарорад. Ин аз Россия хунари духтуриро хам аз худ карда омадааст?
– Худаш пештар хам хамаи хунархоро медонист.
– Э хохар, шумо ачаб содда будаед. Наход муносибати зану мардро надонед., – хандида гуфт зани додарам, ки дар пахлуи ман хобида буд.
– Понздах сари сол бо шавхарам зиндаги дорему хангоми муносибат боре садо баланд накардаем, ки боз кудакхо нафахманд.
– Пас шумо бехунар будаед. Барои хамин шавхаротон пеши занакхои хунарманд мераванд-да. Пеши занакхои овозбаланд.
– Нафахмидем, ки овоз баланд кардан даркор будааст. Акнун чунин рафтор кунем боз хайрон нашавад, ки ин занак девона шудааст гуфта. Барои хамин хам факат таъна мезанад, ки ту занаки бехис, кадри мардака намедони. Охир ман чи хел кадратро надонистам ягон бор шимат бе дарзмол намондааст, хурокат дер тайёр нашудааст гуям, даст афшонду рафт. Акнун фахмидам. Бо ман дилам сухтааст ба холи вай занак, ки бечорая чонаш ба дард омадааст. Дарди ин занак дигар будааст.
– Мастонро хам ин занак бо хунари даруни бистардоштааш ба домаш кашидааст. Ин янгаи мо хам бехунар будаанд,– гуфта мехмони дигари ба гап хамрох шуд.
Хулоса хамаи мехмонхои маро садои нолишхои пуршахвати хочия аз хоби ширин бедор кард. Дигар хамаи мо занхо хасрати зиндагии хешро карда дамидани субхро нафахмида мондем. То хануз аз Мастон дараке набуд. Соат ба дах наздик мешуд. Хонахо пури мехмон, аз тарафи кудохо низ намояндахо омада буданд. Мебоист хутбаи никохро мехонданд. Аммо аз сохибтуй дараке набуд. Нихоят додари Мастон ба хонаи Замира рафта Мастонро пеш-пеш карда овард. Аммо наоварданаш бехтар буд…
Зеро Мастон чунон сархуш буд, ки дар пояш рост истода наметавонист ва афту андоми манфуре дошт. Холаташ хам хандаовару хам нафратбор буд. Уро охиста бурда дар айвон хобонданд. Чунки наметавонист мехмонхоро хайра макдам гуяд. Хама сертараддуду серташвиш буданд ба чуз сохибтуй. Ба хама кудохо ва мехмонхо мегуфтем, ки Мастон бемор аст. Дар хакикат Мастон мисли бемори дардаш бедармон гардида буд дар ин рузхо. Хочияи маккору шайтон уро ба чунин руз расони да буд. Ба номи хочияги хам нанг оварда буд ин зани беимон. У махсус Мастонро барои назди мардум хандахариш намудан ва туйи арусии духтарамро вайрон кардан чунин рафторхоро мекард. Мастон бошад инро намефахмид ва ё илочи дигар надошт. Агар рузи муроди духтарам намебуд ва барои бо номи нек хонадор гаштани чор фарзанди дигари падардори бепадарам намебуд, барои чунин рафтори разилонааш аз бахри Мастон мебаромадам. Зеро дар хамин рузи хурсандии духтарам, ки бе иштироки падараш мегузашт, дигар эхсос кардам, ки умре назди Мастон мисли арзане кадр надоштаам. Дар пеши чашмам руирост хиёнат кард, бахшидам, дар пеши Замираи беобру маро паст зада тахкир кард бахшидам. Ва Мастон гумон кард, ки ман умре барои бахшидану токат кардан офарида шудаам. Аммо чони ман хам аз санг набуд. Косаи сабрам лабрез гашта буд. Тую талбони духтарам ба чунин минвол гузарон шуд. Додару хохаронаш хамакаса дастгири намуда маъракаи духтарамро баобру гузарониданд.
Акнун нав осуда мешавем гуям боз Мастонро Замираи лаънати нашъаманд кард. Рузхои аввал хис намекардам. аммо руз аз руз рангаш зарду як чизашро гум кардаги барин шуда буд. Аммо намедонам хамаи ин корхо ба Замира чи лозим буд. Чаро у нисбати марде, ки ба гуфти худаш дуст медош, чунин берахми мекард? Хама хайрон буданд ва аз дилу нияти ин хочибибии беимон бехабар. Ин рафторхояш на дар колаби мусулмони мегунчиду на дар гайримусулмони. Хатто хайвон низ бо хайвониаш ба чуфти худ рахм дошт. Аммо Замира Мастонро хамеша ба пастихо тела мекарду худаш каноатманд буд. Чандин вакт гузашт ба чунин минвол. Акнун мо домоддор шуда будему аз у шарм медоштам нисбати рафторхои Мастон. Аммо Мастону Замираро парвое набуд аз ин корхо. Намедонам бо кадом максад Замира Мастони маро ба нашъа гирифтор кард. Шояд худаш хам гирифтор буд намедонам. Мастон, ки аз хад гузаронд ва ба дарачаи бадтарин расида буд, мачбур шудем ба табобатгохе бурда уро табобат намоем. Нихоят рузе пинхони аз Замира уро ба бемористони хусусие бурдем ва муддати як хафта зери назорати катъи ба табобаташ машгул шудем. Ман бошам бо вучуди хамаи хиёнату тахкирхояш шабу руз аз назди болинаш дур нашуда парасториаш менамудам. Азобхояшро бо чашми тарам дида дилу чигарам барояш месухт. Азоби нашъаманди аз чонкани хам бадтар будааст.
– Маро бубахш занакчон, шояд аз ин дард мемирам ва гуноххоям дар гарданам мемонад. Метавони бахшидан?
– Албатта мебахшамат. Ту сихат шав ва аз бахри Замира баро, дигар гунохе надори.
– Агар чонам амон монад ва аз ин бистар бархезам, дигар то охири умр туро болои дастонам бардошта мегардам.
– Аммо ин кавлатро баробари дидани Замира фаромуш месози.
–Не, харгиз чунин нест. Ба арвохи поки модарам касам, ки дигар ба кадрат мерасам.
– Кошки чунин руз расад Мастон ва кош ману ту мисли пештара хушбахту масрур шавем. Охир ман хам одам хастам.
– Чунин руз мерасад хатман, азизакам факат ту маро бахш.
Лахзае чанд дар утоки бемористон хушбахти чахон будам. Рузхои аввали зиндагии хушнудонаамонро пеши назар оварда гиристем харду. Аммо ин хушбахтии мо факат чандсоата буду халос. Нмаедонам аз кучое Замира дараки Мастонро пайдо карда ба палата ворид гардид. Баробари дидани у мисли арзоили чонгир рангу руйи Мастон канд. Ман хам дар чоям шах шуда мондам. Наметавонистам уро бароварда пеш кунам. Охир сабабгори тамоми бадбахтихоямон ин зани беномус буд, ки лахзае моро ором намегузошт. Аммо дарди маро касе метавонист эхсос кунад, ки чунин захри хиёнату тахкиру озорхоро чашида бошад. Маро дигар дармоне дар чон намонда буд. Дар ин лахза ба такдири шумам лаънатхо хонда мехостам худкуши намоям.
– Салом Мастони азизам,– гуён Замира назди бистари шавхарам рафт ва бешармона дар назди ман , хамшираи шафкату боз ду-се мехмон лабашро бурда ба лабхои Мастон гузошт, — чаро аз ман мегурези? Чаро фикр намекуни, ки пазмонат шудаам.
– Ман хам чонакам пазмони ту нишастаам. Кариб буд аз гами ту девона шавам,- мегуфт Мастон низ уро ба огуш кашидаву ваъдаву ахду паймони чанд лахза ба ман додаашро фаромуш сохта.
– Пас чаро ба ман хабар надоди чони ман, мегуфт дасту руйи Мастонро лесида мисли саг Замира.
– Охир ин чалочинхо маро мегузоштанд магар? Мисли махбус нигохам доштаанд дар ин зиндону чонкании маро тамошо доранд хамакаса.
Харду бо хам часпида буданд мисли халкаи занчир. Парвои мо атрофиёнро ва сузандоруи ба танаи Мастон рафтаистодаро надоштанд. Дар олами худ буданд ва мо вучуд надоштем барои онхо. Хамдигарро мисли хайвон мелесиданд. Мо бошем мисли хайкал меистодем ночунбон хамаи инро дида. Нихоят токати хохари калонии Мастон, ки нав аз дар даромада буд ток гашта ба сари онхо фарёд зад.
— Шумо шармандахо хамаро фаромуш кардед магар? Мо ин чо хайвонем, ки рафтори хайвонии шуморо бояд токат карда истем. Хдаш чи гап? Кани гум шав аз ин чо Замира!
– Мо хамдигарро дуст медорем. Шумо хак надоред, ки моро аз хам чудо созед,- бешармона мегуфт Замира.
– Бар падари ту барин дустдошта лаънат, ки маъшукатро ба чунин руз гирифтор карди! Садкаи номи баланди хочия шави бешарму хаё!
– Гунохи мо нест, гунохи ишк аст. Шумо, ки ошик нашудед, аз кучо медонед апачон?
– Туф кардам, бар руйи чунин ишк! Агар хозир набарои, аз муйи сарат мег ираму берун мекунам.
– Апа, агар бо Замира чунин рафтор куни аз бахри ту барин апа мебароям,- гуфт Мастон.
– Майлаш аз бахри ман баро. Лекин аз бахри оилаат баромада наметавони.
– Охир у маро мисли Замира дуст дошта наметавонад апачон. У кадри маро намедонад.
– Барои хамин ин кадар шабхоро назди болинат руз кард магар? Носипоси худозада.
Дигар гушхои ман садои чизеро намешуниданд. Башаст аз дар баромадаму дар беруни дар нишаста мондам. Дигар чизеро намедонам….
Вакте ба хуш омадам дар кати яке аз утокхои бемористон мехобидам ва духтарам бо чашмони аз гиря варамкарда дар наздам менишаст. Сарам сахт дард мекард ва тамоми вучудам карахту ланч буд. Мачоли сухан гуфтан надоштам. Дунё дар назарам берангу дилгиркунанда буд. Духтарам дастони маро масх мекарду оби чашмонаш ба руйи бистари ман мерехтанд. Наметавонистам барояш харфи тасаллибахше гуям. Зеро мадор надоштам.
– Хайрият ба худ омадед, модарчон, моро талхакаф кардед. Ягон чиз биёрам мехуред?
– Не, – гуфтам бо ишораи сар.
– Охир чанд руз боз назди бистари дадаам нишаста на хуроки дуруст хурдеду на хоби барохатро дидед. Аз ин ру ба чунин холат гирифтор шудед. Камтарак хурок гирифта биёрам?
– Ману аммам вай касофатро аз палатаи дадам бароварда пеш кардем.
– Нагз кардед. Вале чи фоида. Дадат курнамак будааст.
– Хамааш айби Замираи маккора, дадам дар доми бало печидаанд, илочи халосиро надоранд. Вай чодугар аст чи бало.
– Айби дадат хам хаст. Маро хонамон бибар духтарам.
Бо хамин дигар намехостам, ки бо Мастони носипоси курнамак рубару шавам. Духтарам таксиеро оварда маро то хонаам оварда монд. Хануз хам карахт будам. Ба фикрам сарам дигар дуруст кор намекард. Мехостам бимирам. Дигар хаваси зиндаги намонда буд маро. Чанд руз аз хона набаромадам. Намехостам, ки чашмам ба Замира ё Сарвинааш афтад. Мастонро хам дидан намехостам. У низ дигар тарафи хонаамон тоб намехурд. Хамин тавр ду хафта давом кард. Хаёлам тамоми дунё сокиту ором буд. Вале боз як рузе садои валвалаву шуру магал баланд шуд. Ба берун нигарам Замира пеш-пеши милисахо баромада ба автомашинаи онхо нишасту рафт. Мутриба наменамуд. Хамсояи кунчкоби мо дар руйи хавли буду чашмаш ба ман афтид ва зуд давида ба хонаамон омад.
– Ана, хамсоячон аз ин Замира хам халос шудем. Хамин хел руз хам мерасидааст дия.
– О шумо чаро аз у метарсидед? Ё ки ба шавхари шумо хам чашм ало карда буд?
– Аз шавхарам-ку не, аз хамин додаракам дилам хавотир буд. Чунки Замира ба у хам бо нозу ишва гап мепартофт. Як руз ба домаш кашиданаш хам мумкин буд. Не хайрият, ки дар номи Худочон мурам, дастгираш карданд.
– Боз чи кор кардааст?
– Як духтараки сагираро барои хизматхои хонааш гирифта буд ва уро бо мардакхо хамхоба кардааст.
– Духтари бечораяке. Наход ба доми ин шайтон афтад-а.
– Инаш боз хеч гап не. Вай духтарак хомила шуда таваллуд кардааст дар хамин хона. Аммо маълум не ки аз кадом мардак. Боз он кудакро фурухтаанд.
– Чи хел фурухтаанд? Ба ки?
– Ба ким-кадом одамфурушон. Онхо ба хорича мебурдаанд кудакро.
– Не, барои узвхои баданаш будааст. Ин Замира бо Сарвина чандин нафар духтарони гумрохро ёфта бо бахонаи хизматгори дар хонаашон медоштаанду чунин корхо мекардаанд.
– Сарвина худаш табиби занхо-ку.
– Хамин кораш хам вобаста охир ба ин чиноятхо. Наздаш духтарони гулу гумрох омада хохиш мекардаанд, ки искоти хамл намояд. Аммо у онхоро бо макри худ ва бахонаи пас аз ин якумр безурёт мондан гапзанон карда барои таваллуд карда ба у додан рози мекунонидааст. Ин апаву хохар ва Мутриба низ якчоя ба чунин корхо машгул будаанд.
– Мутриба наменамояд чанд вакт боз?
– Бале, у хам як духтари дигар дошт-ку дар хонааш, кудаки хамонро гирифта ба Дубай бурдааст. Боз мо фикр кардем, ки худаш таваллуд карда бошад.
–Охир Мутриба хам искоти хамл кардааст мегуянд.
– Барои хамин хам безурёт аст. Вай хам дар 15 солаги искоти хамл карда якумри бенасл мондааст.
– Аз кучо ин маълумотхоро медонед хамсоя?
– Охир рузи дароз дар куча нишинед мефахмед-да. Инхо чандин вакт боз хаминкора будаанд. Ин кадар баднафсанд. Бо маблагхои калон чунин одамфуруши мекардаанд. Хайрият, ки ба даст афтоданд.
Дертар маълум гардид, ки Сарвинаву Замира муддатест, ки ба чунин бизнеси сердаромади хатарнок даст задаанд. Тифлакони бегунохи духтарони гумрохро бо максади фарзандхони гирифта ба хоричи кишвар мебурдаанд. Агар фарзандхони мебуд, кори савобе мешуд. Вале бо нияти катл ин тифлаконро бурда узвахои солимашонро барои фарзандони давлатмандони дунё истифода менамудаанд. Чи вахшонияте! Аммо аз Замира барин зан хар корро интизор шудан мумкин аст. Дар хонаи Сарвина низ боз ду духтари дигари хомила мезистанд. Тифли батни онхоро низ бо максади донор шуданашон парвариш мекарданд ва мунтазири фаро расидани рузи бо ин рох сарватманд гаштанро доштанд апаву хохари беимон. Вале ба максади нопокашон нарасида, ба дасти органхои махсус афтиданд. Албатта дар олам чунин корхо дар авч аст. Аммо дар як нохияи дурдасти Точикистон зиста ба чунин бизнеси хатарнок бочуръатона даст задани занхо касро ба андеша мебарад. Шояд калби ин точирони инсон аз санг сохта шудааст. Аммо фикр намекунам, ки калби модарро Худованд сангин бисозад. Замираву Сарвина низ модаранд ва шири одам хурдаанд. Ба хамаи хамсояхо мегуфтааст, ки ин духтари бечораро ба хотири сагираи камбагал буданаш дастгири мекунам. Чунин гунохи азимро хочияи маккора кори савоб пиндоштааст афсус. Аммо хайронам, ки магар ин кори савоб аст, ки духтари бечораеро ба вартаи гунох тела намои. Бечора духтар ба хамсоядухтар , ки роздони ягонааш будааст, шикоят кардааст, ки « баъзан маро ба дасти чанд марди сархушу маст месупориду худаш аз тамошои он манзара лаззат мебурд. Садои мусикиро баланд мекард, ки овози маро касе нашунавад. Ман дард мекашидаму чони хочибиби рохат мекард. Тани урёни ман дар дасти мардхо ба таври вахшиёна дар азоб буду ин зани бехудо лаззат мебурд. Намедонам ин тифли гунохам аз они кадоми онхо бошад. Охир чандин мард хамхобаи ман буданд. Як руз аз хочибиби хохиш кардам, ки ягон чора созанд тифли батни маро. Инро шунида якбора дар сарашон фикре омаду ба чандин нафарон занг зада хушхол гаштанду гуфтанд, ки бехтараш ту онро таваллуд мекуни. Охир шарманда мешавам гуям, гуфтанд, ки аз хонаи ман берун намебарои ва бо Сарвина аз хама пинхони тифли туро ба дунё меорем ва ба як дугонаи бефарзандам мефурушем. Беаклак, аз он маблаги калон ба даст меорем. Аз куштани он чи мегирем? Г унох аст куштани тифл. Ту гамашро нахур, хамаи ташвишхояш ба гардани ман. Метавони дигар аз ташвишхои рузгор хам озод боши. Танхо тифлатро солим ба дунё биёр бас аст. Аммо намедонам бо ин тифли ман чи кор кардани хастанд? Ман бошам харчи зудтар аз он халос шудан мехохам. Зеро холо ба дунё наомада, аллакай уро дуст намедорам. Барои он ки он тифли ранчу озору тахкири ман аст. Дар натичаи азобхои чисмониву рухи пайдо шудааст он.»
Саргузашти талхи ин духтари бечораро шунида гиря гулугирам кард. Замира як оилаи моро бадбахт накарда будааст. Ба холи ин духтараки сагираи берузи, ки акнун бадноми ду дунё гашта буд, дилам об шуд. Чи тавр у гумрох гашта, ба хотири таъмини оилаи камбизоаташон ба ин рох рафтааст. Холо ин яке аз корхои номусулмонии ин хочияи шайтон ошкор гардидааст. Шояд чандин касони дигар аз дасти у бадбахту саргардон шуда дар кучахои кисмат овора гашта бошанд. Куштани тифлро гунох гуфтааст Замира ба Шохонаи соддадил. Вале оё барои куштан фурухтани он гунох нест магар? Албатта хамаи он нафароне, ки зиёрати Каъба насибашон гаштааст, чунин нестанд. Инсонхои поксиришт хеле зиёданд, ки умре дар рохи Худованданд ва рохашон хамеша рост аст. Аммо чунин инсонхои касифу беимон ба номи хамаи онхо нанг меоранд. Дарего, ки дар чамъияти мо даллахо, одамфурушон, фохишазан ва фохишамардон чазои сазовор намебинанд. Агар чунин касон назди мардум сангсор гаштанро сазовор мегаштанд, шояд ба нафарони дигар дарси ибрат мегашту чунин ходисахо кам мегардид. . Хол он ки имрузхо одамфуруши, хоса интиколи духтарон ба хоричи мамлакат дар авчи аълояш аст, афсус.
Рузе дар шахраки мо овоза шуд, ки духтараки бадномшуда даст ба худкуши задааст. У дигар натавонистааст, ки бори нангинро бардорад ва маргро ягона илочи рахои аз бадноми дониста худро овехтааст. Шаб хангоме, ки додараконашро хоб бурдааст, духтарак бандеро гирифта дар хаммоми хонаашон худро овехтааст. Пагохии барвакт фигони додараконашро шунида хамсоя ба хонаашон медароянду чунин ходисаро мебинанд. Зеро хар руз барои пурсиш ба назди милисахо рафта тахкиру озор медидааст. Хамсояи мо, ки аз кулли навигарихо огох буд, бо ин духтарак хамсухбат гашта будааст.
– Ин Шохонаи бечораро худи милисахои навбатдор гам медодаанд.
– Шояд дуруг бофта бошад дар хакки онхо тухматро?
– Не, вай духтари дурууггу набуд. Уро як шаб нигох дошта чунон корхое кардаанд, ки ба табиати инсони рост намеояд.
– Шояд барои хамин худкуши кардааст?
– Намедонам, дигар намедони барои хакикатчуйи ба ки мурочиат куни. Вай бечора аслан барои азоб кашидан ба дунё омада будааст.
– Агар бетолеъ намебуд, аз падару модар ятим намемонд ва ба дасти Замираи шайтон намефтод.
– Модаркалон дорад мегуянд-ку?
– Бале, модаркалони нобинояш очиз аст ва аз дасташ чи коре хам меомад.
– Падару модараш фавтидаанд?
– Шохона падару модари бонангу оре дошт. Хар се фарзандон чунон эрка ва нозпарвар буданд, ки мондан гиред. Вале онхо дар садамаи автомобили чанд сол пеш ва хеле чавон вафот карданд. Ин тифлаконро хамин бибии нобинояшон ба воя расонду афсус, ки бинобар очизи натавонист сариштаашон кунад.
– Замира аз кучо дараки ин духтарро пайдо карда бошад?
– Шохона дугонаи Мутриба будааст.
– Вокеан Мутриба наменамояд?
– У як пайдо шуда буд, ин хабархоро шунида зуд гайб зад. Мегуянд, ки ба Душанбе куч баста рафтааст.
– Боз хонаи чандин касонро вайрон мекарда бошад.
– Бале, ин кори одатии онхо шудааст.
– Шояд аз хамон тарафхо шавхар карда гумном гардад.
– Охир вай шавхар дошт-ку.
– Ба номаш хамхобаи он чавони мусофири пайдошуда буду дар асл бо мардони зиёде муносибат дошт. Медонед вай ким-чи хел касалии чинси гузаранда хам доштааст. Он бачаро ба ин дард мубтало кардааст ва он мусофирак гурехта рафтааст.
– Чонашро аз ин балохо муфт халос кардааст. Магар хама мисли Мастони ман девонаанд, ки якумри ба инхо мисли ширеш часпида монанд.
– Аммо Мутриба балои бад аст. Дар Душанбе низ ягон чавони бечораро ба домаш бо макру хилла меафтонад. Аз дасти инхо хама кор меояд. Ягон марди гулу гумрох хусни расову дасту панчаи пурхунарашро дида мафтун мегардад шояд.
– Ба хар хол чони мо ором гирифт хамсоя. Акнун шабхо осуда мехобам.
– Мастон холо чи кора аст?
– Мастонро ба сад бало мубтало кард ин Замира. Худо харгиз аз махбас озод нагардад, ки зиндаги ободи моро барбод дод.
– Барои чи Худочон чунин инсонхоро меофарида бошад?
– Шояд барои озмудан…
– Шавхари ман сустирода будааст. Магар ба мардони дигар чашмаш наафтода буд? Онхо тавонистанд худро аз ин бало эмин доранд. Аммо Мастон натавонист. Холо бошад гохе нашъа мекашад, гохе арак менушад. Хулоса аз ягон чиз руй намегардонад. Як марди покизарузгори зиндагибохабарро ба як махлуки аблах табдил дод ин занак. Дар хакикат агар зан хохад мардро хатто ба хайвон табдил медихад мегуянд, ки рост будааст.
– Ба номи поки зан-модар нанг овард дар хакикат.
– Акнун дар махбас одам мешавад.
– Агар хукми одилона гирад. Пулаш бисёр аст, холи мебинед, ки аз чазо хам озод мешавад ин бало.
– Аммо ин духтараки бечора хайф шуд. Хок бар сари дугонаги хамин Мутрибаи маккора. Ин духтараки бечораро бероха кард. Худаш, ки бадном буд, мехост дигаронро мисли худаш кунад. Аммо Мутриба ончунон море хаст, ки аз даруни об хушк метавонад барояд. Зеро тарбияти Замираи хамакора бенангу орро гирифтааст.
Дар хакикат Мутриба чунин хунархоро дошт. Бо хунари кадбонугиву сухандониаш дили ман барин марди сахтгирро ба даст оварда тавонист. Бо огуши шарму чаззобиаш дар даруни бистар натанхо ман, гарданшахтарин ва чиддитарин марди оламро обу адо карда метавонист. Агар одатхои пешинаву корхои нангинашро намекард, рози будам барояш аз осмон ситора оварам. Аммо тарки одат амри махол гуфтаанд. Бо беандешагихояш як зиндагии ободро, ки муфт насибаш гашта буд, зери по зад. Хол он ки духтарони покдоман хеле кам ба дасти марди дилхохе, ки онхоро фахмаду аз таги дилашон рафтор кунад, меафтанд. Ин пасттарин ва ифлостарин духтари руйи олам ба осони сохиб и хонаю дари обод ва зиндагии шохона гашту натавонист аз рафторхои нангинаш сарфи назар кунад ва хамаро пушти по зад, курнамаки кард.
– Холачон, он марди гумрохе, ки шумо пешбини карда будед, манам. Ман ба доми макри Мутриба афтодам бо хама пухтагихоям.
– Наход хамин хел йигитро вай курнамак пушти по зада бошад?
– Бале, на танхо пушти по зад, балки чи кадар рузхои бадбахтиро бар сарам овард. Хамсари аввалаам бо вучуди рус буданаш зани покдоман аст. Ман нодухтариашро ба хотири марди зандида буданам сарфи назар кардам ва чашм пушидам. Аммо у…
– Худованд чазояшро медихад.
– Аллакай у дар махбас азобашро кашида истодааст. Вале дили маро аз оламу одам ва хусусан духтарони сатрпуши бибиотунмонанд хунук кард.
– Албатта хамаи онхо чунин нестанд.
– Бале, рост мегуед, аммо бештари онхо зери ин сатри мудгашта чи кадар гуноххое, ки намекунанд ва мехоханд айбхояшонро бо хичоб руйпуш кунанд. Вале ин имкон надорад.
– Ба номи дигарош нанг меоранду халос.
– Ба гуфти худатон модараш низ сатр мепушид?
– Кошки танхо сатрпуш мебуд. Аммо у бадбахтона хонаи Худоро низ зиёрат карда буд ва хам аи азобхои охиратро дида шояд тавбахо карда буд. Аммо баъди ду мохи омадан хамаро – хам Худову хам Расулро фаромуш сохт.
Хонандаи азиз, инак киссаи нангини як оилаи носолими ин чамъияти кунуниро кисса намуда ба анчом расонидам. Агар тамоми корхои кардаи онхоро накл куни , аз як китоб бештар хохад шуд. Аммо манзури ман бадном сохтани тамоми сатрпушону зиёраткунандагон нест. Танхо мехохам ба онхое, ки на бо амри дил ва имон доштан ба Худои бузург ин либосро ба бар кардаанд, балки барои руйпуш кардани рафторхои нангинашон сатрпуш гаштаанд, фахмонам, ки ин корашон хатои махз аст. Ва мардум ба туфайли онхо ба кулли сатрпушон бо чашми шубха менигаранд. Ин рафтор гунох аст ва Худованд дар ду олам намебахшад шуморо. Боки хаволаатон ба Худо. (анчоми кисса)