Умари Хаём — файласуф, риёзидон, шоир…

Умари Хаём — файласуф, риёзидон, шоир…

Умари Хаём – яке аз бузургтарин ҳакимони халқи форс, ки дар тамоми дунё ҳамчун файласуф, риёзидон, шоир ва нуҷумшинос машҳур аст. Umari Khayom 18-уми майи соли 1048 дар оилаи хаймасоз дар шаҳри Нишопури Ирони ҳозира таввалуд шуда, дар сини 83 солаги 4-уми декабри соли 1131 аз олам даргузаштааст.

Фото — картина Умари Хаём

Умар аълони ҷавонӣ дар шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд ва Балх илми худро сайқал додааст. Мавсуф дар бахши илми алҷабр (математика) хело зиёд буда аввалин ихтироти у дар ҳамин соҳа пешкаш шуда унвони олимиро дар сини 25 солагӣ дар шаҳри Самарқанд соҳиб гаштааст.

Номи пурраи ин шахси баруманд асосан чуни наст: Ғиёсиддин Абул-Фатҳ Умар ибни Иброҳим ал Хаёми Нишопурӣ. Дастоварди асосии у асосан дар таърих бо ихтирооти худ дар самти тақвим (календарь) маъруф аст. Донистани Қуръон бо шари ҳар як ояташ, илмҳои алҷабр, тиб, ҳандаса, ҳайъат бароияш чандон мушкили надошт.

Дар сини 16-солагӣ Умари Хаёмро падараш тарк карда аз олам даргузаштааст, ки ин ҳам бошад давраи ҷанг буд. Ҳаёти шоир асосан дар дарбори шоҳигарии Салҷқиён суръат гирифтааст. Дар ҳаёт Умари Хаём фақирона умр ба сар бурда ҳаёти худро ба илм бахшидааст. У ҳеҷ гоҳ оиладор нашудааст ва бинобар ин фгон фарзанде ҳам надошт. Дар байни мардуми одди Умари Хаём ҳамчун шоири беҳтарине ки рубоиёти пурмазмуни ҳаётиро эъҷод намудааст маҳбуб аст.

Ашори Умари Хаём (рубоиёт – шеър — назм)

Гар як нафасат зи зиндагони гузрад, Магзор, ки ҷуз ба шодмонӣ гузарад. Зинҳор, ки сармояи ин мулки ҷаҳон Умр асту бад-он сон гузарони гузарад.

Рӯзе, ки гузаштааст, аз у ёд макун, Фардо, ки наёмадаст, фарёд макун. Аз н-омадаву гузашта фарёд макун, Ҳоли хуш бошу умр барбод макун.

Асрори азалро на тудониву на ман, В-ин ҳарфи муаммо на ту хонниву на ман, Ҳаст аз паси парда гуфтугуи ману ту, Чун парда биафтад, на ту мониву на ман.

Онон ки куҳан буданду онон ки наванд, Ҳар як паи якдигар якояк бишаванд, Ин мулки ҷаҳон ба кас намонад ҷовид, Рафтанду равему боз оянду раванд.

Ё раб, ту гилам сириштаи ман чи кунам?! Пашму қасабам ту риштаи ман чикунам?! Ҳар неку баде, ки аз ман ояд ба вуҷуд, Ту бар сари ман набиштаи ман чи кунам.

Ҳаргиз дили ман зи илм маҳрум нашуд, Кам монд зи асрор ки маълум нашуда, Ҳафтоду ду сол фикр кардам шабу руз, Маълумам шуда, ки ҳеҷ маълум нашуд.

Барзезу махур ғами ҷаҳон гузарон, Биншину даме бо шодмонӣ гузарон, Дар табъи замона гар вафое будӣ, Ҳаргиз ба ту навбат нашудӣ аз дигарон.

Афсус ки номаи ҷавонӣ тай шуд, В-он тозабаҳори зиндагонӣ дай шуд, Он мурғи тараб, ки номи буд шабоб, Афсус надонам, ки кай омадау кай дай шуд.

Гуфтам, ки дилам зи илм маҳрум нашуд, Кам монд зи асрор, ки мафҳум нашуд. Акнун, ки ҳамебингарам аз руи хирад Умрам бигзашт ҳеx маълум нашуд.

260 Гўянд «биҳишту хуру кавсар бошад Xуи маю шаҳду ширу шаккар бошад» Як xон зи бода лутф кун эй соқи, Нақде зи ҳазор насия хуштар бошад.

261 Гўян, ки Фирдавси барин хоҳад буд, Он xо ман нобу ангу бин хоҳад буд. Гар мо маю маъшуқ парастем чи бок, Чу оқибати кор ҳамин хоҳад буд.

262 Гўянд «касоне, ки зи май парҳезанд З-он сон, ки бимиранд бад-он сон хезанд» Мо бо маю маъшуқ аз онем муқим, Бошад, ки ба ҳашраму чунон ангезанд.

263 Гуянд, ки моҳи рўза наздик расид, Минбаъд ба гирди бода натвон гардид. Дар охири шаъбон бихўрам чандон май, К-андар рамазон маст бихуфтам то ид.

264 Гўянд «ба ҳашр гуфтугу хоҳад буд, Не кори касе ба кори у хоҳад буд» Аз ҳаййри маҳз xузъ накуи н-ояд Хуш бош, ки оқибат наку хоҳад буд.

265 Лола ҳама ранги арғувони ба ту дод Савсан ҳама мояи xавони ба ту дод. Гул буд, ки андаке ба руят монист, У низ бирафту зиндагони ба ту дод.

266 Лаб бар лаби куза ҳеx дони мақсуд, Яъне лаби ман низ чу лабҳои ту буд. Охир, ки вуxуди ту намонад мавxуд, Лабҳот чунин шавад ба фармони вудуд.

267 Моҳи рамазон бирафту шаввол омад, Ҳангоми нишоту айшу қаввол омад. Омад гаҳи он, ки хикҳо андар душ, Гўянд, ки пушт, пушт, ҳаммол омад.

268 Магзор, ки ғусса дар канорат гирад, В-андуҳ маҳоли рўзгорат гирад. Магзор канори xўи обу лаби кишт, З-он пеш, ки хок дар канорат гирад.

269 Ман домани зўҳду тавба тай хоҳам кард, Бо мўи сапед қасди май хоҳад кард. Паймонаи умри ман ба ҳафтод расид, Ин дам накунам нишот кай хоҳад кард?!

270 Май хўр, ки туро бехабар аз хеш кунад, Хун дар дили душмани бадандеш кунад. Ҳушёр будан чи суд дорад xуз он-к З-андешаи поён дили ту реш кунад.

271 Май хўр, ки танат ба хок агар зарра шавад, Он беҳ, ки ҳаме пиёлаву xарра шавад. Машнав сухани биҳишту дўзах зи харон, Оқил ба чунин сухан чарро ғарра шавад.

272 Май хўр, ки зи ту касрату қиллат бибарад, Ва андешаи ҳафтоду ду миллат бибарад. Парҳез макун зи кимёе, ки аз ў Як xураъ хурри ҳазор илат бибарад.

273 Май хўр, ки саман басе само хоҳад дид, Хуш зи ки сиҳи басе сухо хоҳад дид, Бар тарфи чаман зи зиндагони бар хур, Зеро, ки чаман басе чу мо хоҳад дид.

274 Май мехураму ҳар, ки чу ман аҳл бувад, Май хурдани ман ба назди ў саҳл бувад. Май хўрдани ман ҳақ зи азал медонист, Гар май нахурам илми худо ҷаҳл бувад.

275 Май гар чи ҳарром аст вале то, ки хурад, В-он гоҳ чи миқдори каю бо ки хурад. Ҳар гоҳ, ки ин чаҳор шарт ояд ҷамъ, Майро нахурад мардуми доно ки хурад.

276 Май нўш, ки ғам зи ниҳодат бибарад, Шуғли ду ҷаҳон ҷумла зи ёдат бибарад. Рав, оташи тар талаб куну оби ҳаёт, З-он пеш, ки ҳамчу гард бодат бибарад.

277 Нобурда ба субҳ дар талаб шоме чанд, Нанҳода бурун зи хештан гоме чанд. Дар қисвати хос омаде оме чанд, Бадномкунандаи накўноме чанд.

278 Ҳар xураъ, ки соқияш ба хок афшонад, Дар дидаи гарм оташи ғам биншонад. Субҳонллоҳ, ту бода мепиндори, Обе, ки зи сад дарди дилат бирҳонад.

279 Хон, то наниҳи бар дили худ ғуссву дард, То xамъ куни сими сафеду зари зард. З-он пеш, ки гардад нафаси гарми ту сард, Бо дўст бихўр, ки душманат хоҳад (в) ард.

280 Ҳарчанд биҳишт сад каромат дорад, Мурғу маю хури сарвқомат дорад. Соқи, бидеҳ он бодаи гулранг ба нақд, К-он насяи ў сар ба қиёмат дорад.

281 Ҳар роз, ки андар дили доно бошад, Бояд, ки нуҳуфтатар зи анқо бошад. К-андар садаф аз нуҳуфтаги гардад дур(р), Он қатра, ки рози дили дарёб бошад.

282 Ҳар рўз, ки офтоб бармеояд, Як рўз зи умри мо ба сар меояд. Ҳар субҳ, ки нақди умри мо медуздад, Дуздест, ки бо машаъла дар меояд.

283 Ҳар субҳ, ки рўи лола шабнам гирад, Болои бунафша дар чаман ҳам гирад. Инсоф… маро зи ғунча хуш меояд, К-ў домани хештан фароҳам гирад.

284 Ҳаргаҳ, ки бунафша ҷома дар ранг занад, Дар домани гул боди сабо чанг занад. Ҳушёр кассе бувад, ки бо симбаре, Май нўшаду ҷомаи бода бар санг занад.

285 Вақт аст, ки аз сабо ҷаҳон ороянд, В-аз чашми саҳоб чашмаҳо бикшоянд. Мусодастон зи шоҳ каф бинмоянд, Исонафасон зи хок берун оянд.

286 Ёрон, чу ба иттифоқ дидор кунед, Бояд, ки зи дўст ёди бисёр кунед. Чун бодаи хушгувор нўшед ба ҳам, Навбат чу ба мо расад, нагунсор кунед.

287 Ёрон, чу ба иттифоқ миъод кунед, Худро ба ҷамоли якдигар шод кунед. Соқи чу ман муғона бар каф гирад, Бечора фалонро ба дуо ёд кунед.

288 Як ҷуръаи май мамлакати Чин арзад, Як қатраи май сад дилу сад дин арзад. Хуштар зи шароб дар ҷаҳон чист, бигу? Талхе, ки ҳазор xони ширин арзад.

289 Як қаран об буду бо дарё шуд, Як зарраи хок бо замин якҷо шуд. Омад-шудани ту андар ин дунё чист? Омад магасе падиду нопайдо шуд.

290 Як нон ба ду рўз агар шавад ҳосили мард, В-аз кўзашикастае даме обе сард. Маъмури кам аз худи чаро бояд буд? Ё хидмати чун худе чаро бояд кард?

291 Он лаъл дар обгинаи сода бисёр, Он маҳраму мўниси ҳар озода бисёр. Чун медони, ки муддати олами хок, Бодест, ки зуд бигзарад, бода бисёр.

292 Он май, ки ҳаёти ҷовидонист, бихўр, Сармояи лаззати ҷавонист, бихўр. Сўзанда чу оташ аст, лекин ғамро, Созанда чу оби зиндагонист, бихўр.

293 Аз будани, эй мард, чи дори тимор, В-аз фиқрати беҳуда дилу xон афгор. Хуррам бизиву ҷаҳон ба шоди гузарон, Тадбире бо ту будааст аввали кор.

📎📎📎📎📎📎📎📎📎📎